“СУБОТИ СИЁСӢ ВА ОРОМИИ ҶОМЕА – ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ ВА КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА”

Таҳти чунин унвон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ конфронси илмӣ – амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он олимону донишмандон аз шаҳрҳои ХуҷандуДушанбе ва Москва иштироку суханронӣ карданд.Нахуст раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи “Суботи сиёсӣ таҳкимбахши истиқлолияту ваҳдат ва омили асосии ободию созандагӣ” маърӯза кард.Мавсуф зимни суханронии худ дирӯзу имрӯзи кишварро муқоиса намуда, таъкид кард, ки асли ҳамаи пешравию тараққиёт ва кафили зиндагии шоистаи мардум аз таъмини суботи сиёсӣ ва ваҳдату оромӣ вобастагии амиқ дорад. Ин ҳақиқати куллро ҳар як шаҳрванди комилу огоҳ ва бедордили мамлакат аз ҳама беҳтару хубтар мефаҳманд, дарк мекунанд ва бо тамоми вуҷуди худ эҳсос мекунанд. Тавре, ки вобаста ба мафҳум ва мазмуни суботи сиёсӣ ва аҳамияти ҳаётии он дар сарнавишти давлату миллат, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ бахшида ба Рӯзи Дониш ва сулҳ дар мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон таъкид намуданд: «Сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, хусусан, барои мардуми шарифи тоҷик мафҳуми бисёр азиз буда, сокинони кишвари мо ба қадру манзалати ин неъмати ҳаётбахш бештар мерасанд.Зеро халқи Тоҷикистон бар асари даргириҳои сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба зарбаи ҷонкоҳе гирифтор шуд, ки даҳшати онро ягон фарди солимфикри ҷомеаи мо ҳаргиз фаромӯш намекунад”.Дар идома раиси ноҳия бо ёдоварӣ аз дастовардҳои замони Истиқлол изҳор дошт, ки  талошу кӯшишҳои музаффаронаи раҳбарияти давлату Ҳукумат дар заминаи рушди соҳибкорӣ, пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва махсусан татбиқи пайгиронаи се ҳадафи стратегӣ – ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ   самараҳои дилхоҳ  дода истодаанд. Нақши тақдирсози суботи сиёсӣ дар беҳбудии ҳаёту рӯзгори мардуми ноҳия ва рушди иҷтимоию иқтисодии он хеле барҷаста мебошад. Маҳз бо шарофати суботи сиёсӣ имкон фароҳам гардид, ки дар партави дастгириҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо корхонаҳои саноатӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, сехҳои истеҳсолӣ, мактабҳои замонавӣ ва дигар иншооти муосир сохта ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 27-солагии Истиқлолият ва сафари кории Раиси вилоят дар ноҳияи Мастчоҳ 4 муассисаи таълимӣ, 1 маркази саломатӣ ва 1 маркази бузурги хизматрасонӣ, дар маҷмуъ 33 иншоотро  сохта ба истифода додем, ки арзиши умумии иншооти бунёдгардида 14 миллиону 700 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, – таъкид намуд Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ.Сипас академик Мирсаид Саидов, роҳбари намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар мавзӯи “Суботи сиёсӣ ва дастовардҳои байналмиллалии Тоҷикистон” маърӯза намуда, изҳор дошт, ки пас аз таъмини сулҳу суботи комил дар кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии фарзонафарзанди халқу ватан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалӣ намудани иқдомҳои дақиқу саривақтӣ  барои ҳалли мушкилоти глобалӣ соҳиби обрӯву эътибори ҷаҳонӣ гардид.Муллошо Давлатов, доктори илмҳои таърих зимни маърӯзаи худ аз аҳамияти таърихии суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа барои миллату давлати соҳибистиқлоли мо ёдоварӣ намуда, изҳор дошт, ки бе таъмини суботи сиёсӣ, оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ хавфи ба чанд порчаву минтақа тақсим ёфтани Тоҷикистон ногузир буд.Хушбахтона, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таъмин намудани суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақшаҳои душманони халқу ватанро барбод дод, – таъкид кард М. Давлатов.Номзади илмҳои тиб Абдукарим Абдуев, зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи “Иттиҳоду ҳамдилӣ рамзи муваффақият ва пирӯзӣ” аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бархе аз ҷавонону наврасони мо ба суханони бадхоҳони миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон фирефта шуда, хориҷ аз кишвар ба сӯи арзишҳои муқаддаси мо сангадозӣ мекунанд, ки бахшиданӣ нест.Абдуқодири Абдуллохон, раиси бахши ИЖТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар мавзӯи “Роҳҳои таҳким бахшидани суботи сиёсӣ дар асоси таҷрибаҳои байналхалқӣ” маърӯза намуда, изҳор дошт, ки дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бештар кардани чунин суҳбату вохӯриҳои муфид метавонад яке аз омилҳои асосии таҳким бахшидани суботи сиёсӣ бошад.Дар конфронси мазкур олимону донишмандон, зиёиён, фаъолони ҷомеи шаҳрвандӣ, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯён, намояндагони ВАО ва дар маҷмуъ беш 450 нафар сокинони ноҳияи Мастчоҳ иштирок карданд.

 

 

 

 

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code