Барномаи намунавии баробарии гендерӣ

Барномаи мазкур аз соли 1994 то имрӯз таҳти идоракунии Лоиҳаи “тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” амал карда истодааст. Ин лоиҳа дар асоси Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои дар ин самт қабул гардида фаъолият менамояд. Имрӯз дар ноҳияи Мастчоҳ баҳри амалии ин лоиҳа вохӯрии судманд дар ЛКСК-и ноҳия баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, намояндагони бахши занон ва ҷавонон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Намояндагони лоиҳа таҳти роҳбарии Шокирова Маърифат Соқиевна бо гуруҳи кори ташриф оварданд, ки онҳоро муовини Раиси ноҳия Умарзода З.В ва кормандони дастгоҳи Раиси ноҳия  қабул намуданд, ки вохӯри дар сатҳи баланди маърифатию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ баромадкунандагон бо масалаҳои гуногуни баробарии гендерӣ ба сухан баромада, иштирокчиёнро қаноатманд намуданд. Дар ин самт изҳори сипос ба Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гашт, ки иштирокчиён бо қаноатмандӣ пазирои намуданд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code