Наврўзи бостонӣ ва марҳилабандии худшиносии миллӣ (ба ифтихори ҷашни Наврўз)

Наврўз, ки чанд сол аст, тибқи муқаррароти Созмони Милали Муттаҳид дар тамоми дунё санаи 21 март мавриди таҷлили саросарӣ қарор мегирад, дар баробари дигар муқаддасоти миллию аҷдодӣ аз муқаддасаи муҳим ва арзишманди таърихи фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб ёфта, бори масъулияти ҳамзистию ҳамгироии милалу халқиятҳои қаламрави Тоҷикистонро бар дўш дорад. Собиқаи таърихӣ ва фарҳангии ин ҷашни инсонсоз гувоҳӣ медиҳад, ки он ҳамеша ҷонибдори саодату пирўзии навъи башар буда, инсонро ба сўйи ҳамдигарфаҳмию вафодорӣ, некуйиву меҳрварзӣ, хирадмандию ақлгаройӣ, собитқадамию устуворӣ, хештандорию худогоҳӣ, худшиносию ҳувиятписандӣ ҳидоят намудааст ва бо гузашти қарну асрҳои мутамодӣ суннату ойинҳои Наврўз имрўз ҳам на танҳо дархўри ҷомеа мебошанд, балки дар таҳрики худогоҳию худшиносии милливу мардумӣ нақши калидӣ доранд. Маҳз ҳамин нукта боис гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврўзро ба сифати ҷашни ҷаҳонӣ шинохт ва таҷлили саросарии онро дар манотиқи мутааддади сайёра тавсия дод.

Худшиносӣ эҷоди фардист ва биниши инсониро дар робита бо зиндагӣ, ҳастӣ, кайҳон ва билохира олами инсонӣ  ифода мекунад. Ҳар нафар бо назардошти фаросат, фазилат, дарк, хирад ва маърифати худ ба ҷаҳону ҳастӣ менигарад ва ба ин восита ҷаҳони худогоҳию худшиносиашро тавсеа мебахшад.

Наврўз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пўшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ, мисли Дорместетер, Кристенсен, Меҳрдоди Баҳор, Ҳошим Разӣ, Манучеҳри Ҷамолӣ, М. Рўҳуламинӣ, М. Ҳазратқулов, К. Бекзода, М. Мирраҳим, Рўзӣ Аҳмад, Д. Раҳимов ва дигарон таъйид кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврўз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари ҳувияти миллӣ дар марҳилаҳои таърихӣ мебошад.

Ба назари мо, раванди таърихии худшиносии миллиро, ки ба Наврўз иртиботи бевосита дорад, шартан ба чанд марҳила  метавон  тақсимбандӣ кард:

1.Марҳилаи аввали худшиносии миллӣ, ки ба зуҳури Наврўз оғоз меёбад, бо шахсияти устуравии Ҷамшеди пешдодӣ бастагӣ дорад. Аз ин ҷост, ки Наврўзро ба шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри ҳушманди ҷуғрофиёи фарҳангию сиёсии ориётаборон аст, ки  тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурўъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврўз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро  дар ҷаҳони маърифати ориёитаборон оғоз бахшида, таҷлили онро  ҳамчун тантанаи хирад ва  адолат (ду бахши муҳими ҳаёти сиёсӣ-давлатӣ ва фарҳангӣ-иҷтимоӣ) саросарӣ намудааст.

Мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то ба имрўз дар як нукта тамаркуз мекунад ва он маргу нестӣ аст. Ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ, калидӣ дигар мушкилотро ба дунбол дорад. Ин мушкилот (дард, ранҷ, беморӣ, сардӣ ва гармии аз ҳад зиёд, бадбинӣ ва танаффур, дурўғгўйӣ ва амсоли инҳо) пайваста ҳамқадами инсонанд ва ба гумони устурасозони пешин, рафъи мушкилоти фавқ аз ҷониби Ҷамшед ба вуқўъ пайвастааст ва нахустин маротиба дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои миллӣ) инсон намиранда мегардад. Дар китоби «Вандидод» (фаргарди дувум, бахши якум, банди 5), ки ба достони Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо гуфтааст: «Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг» (ниг.: Вандидод, ҷилди аввал, фаргардҳои 1-8. Тарҷума ва пажўҳиши Ҳошим Разӣ. Теҳрон, 1385. -С. 425). Ҳаким Фирдавсӣ, бо такя ба асотири куҳани аҷдодӣ дар қолаби достони Ҷам (достон шомили 74 байт буда, дар маҳдудаи абёти 48-55 зуҳури Наврўз ва тадорукоти Наврўзӣ ба риштаи тасвир кашида шудааст) аз дарду беморию ранҷурӣ ва марг раҳо гардидани мардумро фоли неки Наврўзӣ дониста, аз ҷумла таъкид  кардааст:

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

                                    Баросуда аз ранҷ рўйи замин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд…

(ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.55-56)

Маҳз Ҷамшеди нимаустуравӣ ва ниматаърихӣ тавонист, ки бо меҳр, хирад ва дод мардумро ба хештаншиносӣ ва ҳувиятсозӣ мутамоил кунад.  Ба қавли донишмандон, дар даврони Ҷамшед ва айёми Наврўзӣ мардум ба шукуфоии иқтисодӣ ва рифоҳи молӣ мерасанд, хонаҳои бошукўҳ барпо мекунанд, гармобаҳо месозанд, ҷавоҳирот дуруст карда, атр ба кор мебаранд ва саранҷом дар нозу неъмат ғарқ мешаванд (ниг.: Толеъ Ҳушанг. Таърихи тамаддун ва фарҳанги Ирони куҳан. Теҳрон, 1386. -С.156).  Ҷомеаи давраи Ҷамшед зарфи сесад сол чунон дар рифоҳу осоиши маънавию моддӣ ғарқ мешаванд, ки ранҷу дард, зулму бадӣ, заъфу нотавонӣ, пирию беморӣ ва маргу нестиро аз ёд мебароранд ва дар фазои ромишу тараб умр ба сар мебаранд. Фирдавсӣ он давраи пуршукўҳро тайи 3 байт (достони Ҷам, абёти 56-58) хеле муассир инъикос кардааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рўзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон-ш мардум ниҳода ду гўш,

Зи ромиш ҷаҳон буд пуровозу нўш.

(ниг.: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.56)

2.Марҳилаи дувуми худшиносӣ, ки ба Наврўз иртибот дорад, ба давраҳои салтанати ду сулолаи бузурги миллӣ — Ҳахоманишҳо ва Сосониён рост меояд. Баррасиҳои катибаю сангнавиштаҳои баҷоймондаи даврони Ҳахоманишӣ ҳокӣ аз онанд, ки ҷашни Наврўз дар маҳдудаи салтанати Ҳахоманишӣ марсум будааст. Бархе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Куруши бузург Наврўзро дар соли 538 (қабл аз мелод) ҷашни миллӣ эълом кард ва дар ин рўз барномаҳои вижае барои фароғати сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ, хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон ба иҷро расонд. Куруши бузург маросимоти Наврўзиро ба Бобул интиқол медиҳад ва муҳаққиқон дар ин замина таъкид мекунанд, ки ў ҳангоми иҷрои маросими иди Наврўз ба эҳтироми суннати деринаи подшоҳони Бобул дасти  Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд (ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Ирон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурўзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. –С122). Ба дунболи ин, маросими Наврўзӣ дар замони дигар подшоҳони Ҳахоманишӣ низ тадовум ёфтанд. Ҳамчунин дар замони Дориюши якум маросими Наврўзӣ дар Тахти Ҷамшед (Персе́полис, Чиҳил Манор — шаҳри бостонии форсӣ, ки асрҳои VI—V пеш аз мелод пойтахти империяи Ҳахоманишҳо будааст) баргузор мешуд ва мардум Наврўзро ба таври шукўҳманд таҷлил мекарданд. Муҳаққиқон ва сиккашиносон бар асоси сангнавишта ва тасвирҳо ҳадс задаанд, ки Дориюши аввал сиккае аз ҷинси тилло зарб намудааст, ки дар як сўйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ тасвир гардидааст ва ин навъ тадорукоти ҷашнӣ, ғолибан ба муносибати Наврўзи соли 416 (қабл аз мелод) гирифта шудааст. Бархе аз пажўҳишгарон (мисли Ҳартсфелд, Орднер, Гиршман ва Бродо) муддаӣ ҳастанд, ки Тахти Ҷамшед барои баргузор намудани ҷашни Наврўз сохта шудааст (ниг.: fa.wikipedia.org/wiki).

Албатта, дар даврони салтанати Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ Наврўз тобиши динӣ касб кард, аммо махсусият ва вижагии ҳувиятии худро гум накард. Дар даврони Сосонӣ маросими иди Наврўзро байни шаш то сӣ рўз баргузор мекарданд ва рўзи шашуми фарвардин ва ё Наврўзи бузургро Хурдодрўз меномиданд ва ин рўзро мутааллиқ ба фариштаи муқаддаси Хурдод медонистанд. Пайравони ойини маздоясно муътақид буданд, ки Зардушт (650 сол пеш аз мелодии Масеҳ) дар ин рўз зода шуда, дар ҳамин рўзи муқаддас бо Худованд ба розу ниёз пардохтааст, аз ин рў, ин рўз барои ирониён муқаддас ва муҳтарам шумурда мешудааст. Подшоҳони Сосонӣ низ дар дарбор ойинҳои Наврўзро бо шукўҳи хоссе баргузор мекарданд ва шоҳон панҷ рўзи аввал (ба унвони «Наврўзи омма» маъруф аст) бори ом медоданд ва ба рафъи ҳоҷатҳои мардум мепардохтанд. Сипас, «Наврўзи хосса» ё Наврўзи бузургро, ки аз рўзи шашуми фарвардин шурўъ мешуд, ба худ ва наздиконашон ихтисос дода, ба ҷашну шодмонӣ мепардохтанд ва навоҳои хосси Наврўз дар ин айём дар дарбори подшоҳон навохта мешудааст. Дар айёми ҷашнӣ табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ бо баргузор кардани базму маҳфилҳои вижа соли гузаштаро ёд ва таҳвили соли навро фоли нек дониста, дар таҷаддуди фикрӣ ва маънавӣ мекўшиданд.

3.Марҳилаи сеюми худшиносӣ, ки реша дар Наврўзи бостонӣ дорад, ба давраи ҳукмронии сулолаи тоҷикии Сомониён  марбут аст. Бояд тазаккур дод, ки дилбастагии мардуми тоҷик ба суннатҳои ниёкон муҷиб шудааст, ки Наврўз минҳайси рамзи шукўҳ ва азамати фарҳанги миллӣ дар саросари даврони исломӣ, ҳатто дар давраи хулафое, ки эътиное ба ин русумот надоштанд, барпо мешудааст ва ошноию огоҳии фармонравоёни Уммавӣ ва Аббосӣ аз ойини ҳадя додан ба ҳокимон далеле барои гироиши фармонравоёни араб ба баргузории Наврўз гардидааст. Бо коҳиш ёфтани қудрату нуфузи хилофати исломӣ бар давлатҳои миллӣ, ҳамчунин эҷоди давлатҳои мустақиле назири Саффориён ва Сомониён суннати таҷлили ҷашнҳои миллию мардумӣ эҳё шуда, иҷрои русумоти миллӣ сабаби шукўҳу ҷалоли ҷашни Наврўз дар қаламрави давлатҳои миллӣ гардид.

Дар давраи салтанати Сомониён (874-999) Наврўз ба сифати ҷашни меҳварӣ мавриди таҷлил қарор мегирифтааст. Амирони хирадпарвари Сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки Наврўз на танҳо ҷашни кишоварзӣ, балки ҷашни хирадпарварӣ ва инсонсолорию инсонсозист. Ин буд, ки дар давраи салтани амирони Сомонӣ, қатъи назар аз он ки неруҳои зиддимиллӣ фаъол буданд, раванди худогоҳию худшиносии миллӣ тавассути ҷашнгирии саросарии Наврўз дар манотиқи қаламрави давлат таҳкиму  тақвият меёфт (таваҷҷуҳ шавад ба китоби Ноҷӣ Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. -Душанбе, 2012. –С.457-458). Маҳз дар  замони  салтанати  Сомониён  дар  арафаи  Наврўз,  бо  такя   ба  сунати    даврони  Сосонӣ  оташ  меафрўхтанд,   мутрибон  оҳангҳои  ҷашнӣ   навохта,   ҳофизон   суруду  таронаҳои   Наврўзӣ  месароиданд,     сайругашти    идонаи     мардум  аз  шом  то  ба  субҳ    идома  меёфт.   Алқисса,   ин  маросими  наврўзӣ   айёми  Хусрави  Парвизи   Сосониро  ба  лавҳи   хотир  меовард (ниг.: Маҷаллаи  «Ҳунар  ва  мардум»,  шумораи  навадум,   фарвардинмоҳи  1369. -С.  31-34).

Бо таваҷҷуҳ ба ин, дар замони давлатдории Сомониён худшиносии миллӣ ба марҳилаи сифатан нави таърихӣ расида, раванди таҷлили он тавассути сиёсати фарҳангии давлати миллӣ таҳкиму тавсеа ёфт. Шоирону донишмандон ба тавсифи ин ҷашн кўшиданд, ашъори рангин суруданд, китобҳо навиштанд (аз ҷумла китобҳои «ал-Ашъор фӣ соири Нийрўз вал Меҳрҷон»-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, «ан-Нийрўз вал Меҳрҷон» ва амсоли инҳо ба сифат ва мушаххасоти Наврўз ихтисос ёфта буданд). Давлати Сомониёнро метавон ба унвони қаламрави фарҳанги Наврўз муаррифӣ кард.

  1. Давраи дигари  наврўзпарастӣ  ва  арҷгузорӣ аз ин ҷашни  хирадмаоб  ба  охирҳои  солҳою ҳафтодуми садаи бистум рост меояд, ки замони  салтанати  давлати Шўравӣ  буд. Аз охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта  як зумра равшанфикрони миллӣ  ҷиҳати  дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврўз  саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина корҳои зиёди фарҳангию  маърифатӣ анҷом доданд.  Ин давра саҳифаи тозаро дар китоби худшиносии миллӣ боз кард, ки бо таҷлили Наврўзи бостонӣ  дар марҳилаи навини таърихӣ шурўъ меёбад. Дар он замон заминаҳои  рушди маросими миллӣ  дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд.
  2. Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ уфуқҳои тозаро барои  таҷлили саросарии Наврўзи бостонӣ кушод ва он ба сифати бузургтарин ҷашни аҷдодӣ  мавриди таҷлили  ҳамагонӣ қарор гирифт.  Дар даврони истиқлолият  масоили  шинохт, таҳқиқ, омўзиш, арҷгузорӣ ва  саросарисозии Наврўз матраҳ гардид ва дар  рушду тавсеаи он шахсиятҳои дараҷаи аввали  ҷумҳурӣ, хусусан  Сарвари давлати имрўзаи Тоҷикистон саҳм гузоштанд. Ин иқдомот имрўз низ идома дорад ва шароити феълӣ аз  донишмандону фарҳангиён тақозо менамояд, ки  ойинҳои миллиро  ба риштаи таҳқиқ бигиранд ва дар хифзу нигаҳдошти онҳо  аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бубаранд. Мусаллам аст, ки дар марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ тавассути пофишорию ташаббусҳои давлатҳои ҳавзаи Наврўз, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони маориф ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) Наврўзро ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард. Марҳилаи Истиқлолияти давлатӣ бо худогоҳӣ ва хештаншиносӣ пайванд мехўрад ва аз фарҳанги Наврўзӣ реша мегирад. Фарҳанги Наврўзӣ фарҳанги меҳрпарастӣ, эътидол, саломатӣ, тандурустӣ, хирадварзӣ, огоҳӣ, доноӣ, муҳаббату самимият, таҳаммулу тафаккур ва шарофату адолат аст. Дар доираи фарҳанги Наврўзӣ тамоми муқаддасоти инсонӣ ва башарӣ, ки тўли асрҳо озмоиши таърихиро гузаштаанд, ғунҷоиш ёфтаанд. Наврўз фарҳанги муколима ва гуфтугўи инсонҳо буда, мардумро, новобаста аз тааллуқоти нажодӣ, миллӣ, ирқӣ, сиёсӣ, динӣ-мазҳабӣ, ақидатӣ ва идеологӣ ба ҳам фаро мехонад ва сари як суфра – хони Наврўзӣ менишонад.

       Ҳамин тариқ, Наврўз  дар силсилаи ойину маросимҳои  миллӣ қадимтарину  фарҳангитарин ба шумор меояд ва дигар маросим  дар домони ин ҷашни  инсонпарвар ва ҳувиятсоз   парварда шудаанд.  Ин аст, ки Наврўз  бо худогоҳию  худшиносии миллӣ  ба арсаи фарҳангу тамаддуни башарӣ ворид гардида, ба унвони ҳаста (ядро)-и худогоҳию худшиносии миллӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ шинохта мешавад.   Ин ҷашни бостонӣ дар дарозои таърих аслу ҷавҳари худро, ки бар пояи ҳувиятсозию хештаншиносӣ устувор аст, на танҳо аз даст надодааст, балки онро бо тобишу ҷилоҳои тоза аз давра ба давра, аз марҳила ба марҳила, аз сол ба сол ва аз аср ба аср мунтақил дода, то ба замони мо беосеб оварда расондааст.

 

Нозим Нурзода,

                муҳаққиқ

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code