Наврӯзи Навбаҳор!

Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ Наврӯзи хуҷастапай бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Дар ҷашни Наврӯзи Раиси ноҳияи Мастчоҳ, муҳтарам Ғайрат Азиззода ва намояндагони Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иштирок ва баромад намуданд. Чорабиниро дар қатори бошандагони Ҷамоат ва собиқадорони соҳаҳои гуногунӣ меҳнатӣ, меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шаҳру навоиҳии вилоят ташриф оварданд. Дар чорабинӣ аз тарафи аҳолии Ҷамоат намоиши анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва бозиҳои варзишӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд. Раиси ноҳияи Мастчоҳ, муҳтарам Ғайрат Азиззода дар назди меҳмонону иштирокчиён баромад намуда, кулли мардумӣ ноҳияро ба ҷашнӣ Наврӯзӣ муборакбод намуд. Дар ин рӯз ба дастаи футболбозони ноҳия аз ҳисоби ҷавондухтарон, ки дар мусобиқаи вилоятӣ ҷои аввал, соҳиби Ҷомӣ вилояти Суғд гаштанд ҷоиза ва медалҳои мусобиқа тақдим гардид. Чорабиниро барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони хонаи фарҳангӣ Ҷамоат ҳусни идона бахшид.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code