Ҷашни ҷавонӣ муборак!

Баҳри амалии нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оид ба 20 – рӯзи ҷавонон ба истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 10 майи соли 2019 дар марказӣ ноҳияи Мастчоҳ, шаҳраки Бӯстон вохӯрии Раиси ноҳия, муҳтарам Ғайрат Азиззода баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур собиқ раисони Созмони ҷавонон, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, собиқадорони меҳнат ва ҷавонону бонувони фаъол иштирок намуданд. Вохӯриро Раиси ноҳия, муҳтарам Ғайрат Азиззода ифтитоҳ бахшида, табрикоти самими худро ба кулли ҷавонони ноҳия иброз намуд.Дар рафти баромад оид ба масъалаҳои нигоҳдории солимии оила аз тарафи ҷавонон, омӯзонидани илмҳои муосир ба ҷавонон, омода ва иштироки ҷавонону хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии байналмилалӣ, иштироки онҳо дар озмунҳои сатҳи ҷумьуриявӣ ва хориҷӣ кишвар, ҷалби соҳибкорони ҷавон барои бунёди иншоотҳои варзишӣ ва муассисаҳои таълимию хизматрасонӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳаргуна ҳузбу ҳаракатҳои номатлуб бо таҳлилҳои мушаххас ироа гардид. Инчунин аз тарафи ҷавонон иҷрои ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадории умумиӣҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» хеле хуб ва бо далелҳои мушаххас қайд гардид. Баъди баромад иштирокчиён ба сӯхан баромада уҳдадор шуданд, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сармашқи кори доимиашон гашта, баҳри амалии нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия кушиш намуда, ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд. Дар фарҷоми вохӯри барномаи консертӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code