Пешравиҳо дар соҳаи кишоварзӣ

Имрӯз дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки гурӯҳи кории Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд семинари дастурдиҳӣ бо истифодаи технологияи муосир баҳри ягонаи ниҳоли пахта ва нармкунии қаторҳои пахта баргузор гардид. Дар чорабинӣ Сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд, муҳтарам Бобозода Хайрулло, мутахассисони варзида ва собиқадорони соҳа иштирок намуданд. Таҷрибаи пешқадами технологияи муосир ва бо тарзи замонавӣ коркарду нармкунии байни қаторҳо ва ягонакунии ниҳоли пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии “Олиҳа” –и Ҷамоати деҳоти Палдорак ва хоҷагиҳои деҳқонии “Бешариқ” –и шаҳраки Бӯстон гузаронида шуд. Аз нишондоди мутахассисон истифодаи технологияи муосир дар як рӯз то 3 га –имконияти коркарди ҳамаи намуди зироатҳои кишоварзӣ буда, хароҷоти хеле камро дарбар мегирад. Семинари дастурдиҳӣ хеле хотирмон ва дар сатҳи баланди касбӣ ҷамъбаст гардид.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code