Шанбегии умуминоҳиявӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Санаи 11 майи соли 2019 дар ҳудуди ноҳия шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа корҳои зерин ба сомон расонида шуданд:
– бо тартиб даровардани дарахтон – 5600 адад;
– задани шохи тутҳо – 1650 бех
– тоза намудани ҷуйбор ва обравҳо – 2100 метр;
– тоза намудани майдонҳои кабудизор аз алафҳои
бегона – 13600 м.м;
– баровардани партовҳо – 32 тонна.
– азнавсозии ҷуйборҳоӣ фарсудаи обгузар – 386 метр
– нармкунӣ ва бо нуриҳои минералӣ (поруб)
таъмин намудани гулгаштҳо – 600 м.м.
Бояд қайд намуд, ки дар шанбегии умуминоҳиявӣ фаъолияти тамоми ташкилоту муассисаҳо, ХМК – и ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳаи маориф, тандурустӣ ва кармандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлвтии ноҳия назаррас мебошад, ки дар он зиёда аз 3766 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва ситоди ноҳиявӣ таҳти унвони 1300 – рузи ободонӣ амал намуда, барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои доимӣ тартиб дода, иҷрои онро таъмин менамояд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code