Фестивали  ноҳиявии  «Атласу адрас»

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, таҳти №АП 1140, қарори Раиси вилояти Суғд аз 20.05.2019 таҳти №235 “Дар бораи ташкил ва баргузории фестивали “Атласу адрас” ва бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ, тақвияту густариш бахшидан ба истеҳсолу истифодаи анвои гуногуни либосу матоъҳои миллӣ, рушди атласу адрасбофӣ, бахшида ба “Солҳои 2019-2021- солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар хонаи фарҳанги  Ҷамоати деҳоти Оббурдон фестивали ноҳиявии “Атласу адрас” баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур ҷавондухтарони ҳунарманд, тарроҳон ва намояндагони бонувони касбу кори гуногун иштирок доштанд. Иштирокчиёни фестивал аз рӯи бахшҳои ”Беҳтарин либоси идона”, “Беҳтарин либоси расмӣ” ва “Беҳтарин либоси кӯдакона” маҳорати ҳунару истеъдоди худро намоиш доданд. Зимни натиҷагирӣ дар бахши “Беҳтарин либоси идона” ҳунарманд Аҳророва Амонҷон аз шаҳраки Бӯстон ва бахшҳои “Беҳтарин либоси расмӣ” ва “Беҳтарин либоси кӯдакона” ҳунарманд Шохоҷаева Сабоҳат аз деҳоти Оббурдон ғолибият ба даст оварда, барои иштирок ба даври вилоятии фестиваои мазкур роҳхат гирифтанд.

Ғолибони фестивали ноҳиявии “Атласу адрас” бо туҳфаҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шуданд, ки онро дар вазъи мутантан муовини Раиси ноҳия Зайнура Умарзода супорид.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code