Тақдими аробачаҳои маъюбӣ ба маъюбон

Вобаста ба татбиқи сиёсати инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам,  Эмомалӣ Раҳмон, ки пеш аз ҳама ба дастгирии иҷтимоии маъюбон ва оилаҳои камбизоат равона гардидааст, дар рӯзҳои таҷлили Иди саиди Фитр бо мусоидати мақомоти ҳифзи иҷтимоии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ба сокинон Маликов Тоҳирҷон ва Холов Усто аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.  Сокинони зикршуда аз ин туҳфаи идона мамнуну дилшод гардида, баҳри ободии диёру осудагии рӯзгор дуои хайр намуданд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code