КОНФРОНСИ ИЛМИЮ АДАБӢ БАХШИДА БА 140-СОЛАГИИ АҲМАД МИРАМИНЗОДА

Дар партави сиёсати маънавибунёду фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба гиромидошти ёду хотираи шахсиятҳои шинохтаи илму адаб ва тарғибу ташвиқи осори безаволи онҳо имрӯз бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ, хосса Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода дар хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони  конфронси илмию адабӣ бахшида ба 140-солагии шоир, олим, ориф ва донишманди маъруфи тоҷик – Аҳмад Мираминзода таҳти унвони “Мақсади ман нусха монад ёдгор”, бо иштироки шоирону оилмон, омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва сокинони сершумор доир гардид. Маҳфили мазкур тибқи нақшаи фаъолияти Китобхонаи марказии ноҳия ба номи Қувват Давлат дар ҳамкорӣ бо бахши фарҳанг, шуъбаи маориф, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Мирзоолим Мирзораҳимов ба сухан баромада, иштирокчиёни маҳфилро аз номи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба баргузории он таҳният гуфта, дар мавзӯи “Рӯзгор ва осори Аҳмад Мираминзода дар оинаи таҳқиқи бадеӣ” андешаронӣ намуд. Мавсуф аз он ҷумла зикр кард, ки таваҷҷуҳ ба шахсият ва ашъори нахустин шоири соҳибдевони Мастчоҳ – Аҳмад Мираминзода, ки дар адабиёти поёни садаи Х1Х ва нимаи аввали асри ХХ бо тахаллусҳои “Маҳвӣ” ва “Аҳдӣ” маъруфият пайдо кардааст, аз замони зиндагии ӯ оғоз гардида, минбаъд то имрӯз омӯзгорону муҳаққиқон ва фарзонагоне ба монанди Мулловалӣ Устоев, Амон Нуров, Мирзо Аҳмадзода, Мирзо Шукурзода, Шодӣ Шокирзода, Саидолим Акрамов, Саидшоҳ Акрамов, Муллосангин Гулзод, Маҳмадшо Маҳмадшоев, Замин Шокирзода, Турабек Азизов, Абдуқодир Шомуродов, Маҳаднабӣ Шомуродов, Муродулло Почозода ва дигарон мақолаву гузоришҳои ҷолиби илмию адабӣ ва ёддоштию публисистӣ эҷод кардаанд. Дар ин миён рисолаи илмии “Кӯҳкане аз користони дил”-и муҳаққиқ, адиб ва донишмандони номовари тоҷик Мирзо Шукурзода мақоми шоиста дорад. Чунки дар ин асар чеҳраи инсонӣ ва адабии Аҳмад Мираминзода ба таври шоиста муаррифӣ шудааст. Девони ашъори Аҳдӣ ду маротиба солҳои 1999 ва 2010 бо эҳтимоми фарзанди арҷманди шоир, доктори илмҳои филологӣ, профессор, шодравон Мирзо Аҳмадзода ба зевари табъ ороста шудааст. Аммо бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда то ҳанӯз доир ба шахсияти маънавӣ ва осори мондагори Аҳмад Мираминзода рисолаи мукаммали илмӣ офарида нашудааст. Таҷлили ёдбуди 140-солагии Аҳмад Мираминзода, ки маҳфили илмии имрӯза сароғози он аст, дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои маънавии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бузургдошти ному осори фарзонафарзандони тоҷик, тибқи Нақшаи тасдиқнамудани Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва дастгирии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ҷараён мегирад, албатта барои шинохти шеъру шахсияти ин адиби ширинкаломи тоҷик, пайрави мактаби адабии Ҳофизу Бедил бештар мусоидат менамояд.

Баъдан мудири китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирии маркази вилоят, номзади илмҳои филологӣ Баҳромҷон Мирсаидов дар мавзӯи “Таркиби “Девони ашъор” ва афкори ирфонии Аҳдӣ”, сармутахассиси бахши назорат дар соҳаи маорифи шуъбаи маорифи ноҳия, номзади илмҳои филологӣ Фазлиддин Убайдзода доир ба мавзӯи “Забон ва сабки баёни ашъори Аҳмад Мираминзода”, корманди рӯзномаи “Нигоҳи халқ” – нашрияи Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Абдурозиқ Раҷабзода доир ба масъалаи “Ақидаҳои панду ахлоқӣ ва хусусиятҳои тарбиявии ғазалиёти Аҳмад Мираминзода” бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.  Дар ин маҳфил шоири тавонои диёр Арбоб Қурбон ғазали пурмазмуни худро дар васфи Аҳдӣ қироат кард. Гурӯҳи хонандагони МТМУ №6 аз “Девони ашъор”-и Аҳдӣ намунаҳои дилнишинро хонданд. Суруду таронаҳои дилпазири санъаткорон Ҳакимҷон Давлатов, Фурқат Назаров ва Муллобурҳон Ашӯров аз ғазалиёти Аҳдӣ табъи иштирокчиёнро болида намуд. Дар интиҳои конфронси илмию адабӣ набераи шоир, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ноҳия Муллоаҳмад Аҳмадов ба ташкилкунандагони маҳфил изҳори сипос намуд.

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code