ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО…

Субҳи имрӯз, 9 июни соли ҷорӣ сокинони Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ тавассути ҳашари дастаҷамъӣ корҳои сохтмони хонаи истиқоматӣ ба як нафар ятими куллро оғоз карданд.
Аммо Шукрулло Боқиев, хонандаи синфи 11-и МТМУ №12, ки бо амри тақдир аз навозишҳои гарми падару модар маҳрум аст ва 3 хоҳаракашро саробонӣ мекунад, худро ятим намеҳисобад.
– Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз вохӯриҳои худ бо ятимони кулл таъкид намуда буданд, ки “ман ҳеҷ вақт ягон ятими куллро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам, ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям.” Аз ин рӯ ман худро ҳеҷ вақт танҳову бечора эҳсос намекунам, ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат дардноктарин эҳсос – набудани падару модар дар ҳаёти моро сабук месозад, – мегӯяд Шукрулло Боқиев.
Бо ташаббусу дастгирӣ ва сарпарастиҳои раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ва хайрхоҳии соҳибкор Қобил Ғиёсов дар дохили деҳа ба мавсуф 0,8 га замини наздиҳавлигӣ ҷиҳати бунёди хонаи истиқоматӣ ҷудо гардида буд. Дар мулоқоти раиси ноҳия бо ятимони кулл, ки рӯзе пештар аз иди саиди Фитр баргузор шуд, Шукрулло Боқиев ба роҳбари ноҳия барои татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва дастгирии мунтазами ятимону ниёзмандон изҳори сипос намуда, ҷиҳати бунёди манзили истиқоматӣ кӯмак хост.
Ӯ дар идомаи суҳбат бо хабарнигори “Нигоҳи халқ” натиҷаи муроҷиаташ ба раиси ноҳияро чунин шарҳ дод:
– Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода маро бо диққат шуниданд ва ваъда доданд, ки ин масъала низ ҳалли худро меёбад. Хушбахтона, имрӯз, яъне ҳамагӣ пас аз як ҳафтаи муроҷиати ман боз ҳам бо ташаббуси раиси муҳтарам ва дастгирии соҳибкорону мардуми маҳал тавассути ҳашар пойдевори хона рехта шуд. Ман аз ҳамаи онҳое, ки ин иқдомро дастгирӣ намуданд, самимона изҳори сипос мекунам. Худо аз ҳамаи шумо розӣ бод.
Раиси Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ Туроб Доробзода низ аз иттиҳоду самимияти мардум дар ин кори хайр ситоиш кард. Ӯ мегӯяд:
– Бо вуҷуди оне, ки имрӯз якшанбе, рӯзи истироҳат ва лаҳзаи авҷи корҳои саҳроист, мардуми ҳар се хоҷагии ҳудуди ҷамоат дар ин ҳашар фаъолона ширкат доранд. Мардуми мо корҳои хайру савобро дастгирӣ мекунанд ва дар ин роҳ ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Имрӯз пойдевор ва ҳафтаи оянда деворашро мебардорем. Худо хоҳад то ҷашни муқаддаси Ваҳдати миллӣ хонаро бо ҳамаи ҷиҳозаш ба додари азиз тақдим мекунем.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 27 нафар ятимони кулл зиндагӣ доранд ва дар арафаи ҳамаи ҷашнҳо бо туҳфаҳои молию моддии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси ноҳия, масъулини кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code