МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ – САМТИ  МУҲИМИ ФАЪОЛИЯТ

Имрӯз дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия зимни баргузории маҷлиси машваратии Раиси ноҳия вохӯрии нозири калони шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назриён Васлибек Қурбон бо роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия багузор гардид. Дар он роҳбияти ноҳия, сардорони воҳидҳои сохтории мақомот, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Вохӯриро Раиси ноҳияи Мастчоҳ, муҳтарам Ғайрат Азиззода ифтитоҳ намуда, ҳадаф ва моҳияти баргузории онро шарҳ дод. Баъдан нозири шуъбаи мубориза бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назриён Васлибек Қурбон вобаста ба таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1504 аз 30 августи соли 2013 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” оид ба мавзӯи “Сабабу шароитҳои афзоиши коррупсия ва роҳҳои пешгирии он” муфассал маърӯза кард. Номбурда зимни маърӯзаи худ аз он ҷумла зикр кард, ки коррупсия вабои аср буда, рафторҳои коррупсионӣ эътимоди мардумро ба давлат коҳиш дода, пояҳои давлатдориро заиф мекунад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Яке аз хатарҳои дигаре, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад”. Бинобар ин роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии ин зуҳурот дар тамоми сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд. Бояд ёдовар шуд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар бори дигар ба зарурати муборизаи дастҷамъона бо коррупсия таъкид намуданд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар ҷиҳати пешгирии ин зуҳуроти номатлуби коррупсия дастҷамъона мубориза барем. Чунки ноҳияи Мастчоҳ низ аз таъсири ин падидаи хатарнок эмин нест. Нишондиҳандаҳои оморӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамасола бақайдгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии бо коррупсия алоқаманд да ноҳияи Мастчоҳ низ мавҷуд аст. Дар давоми соли 2018 дар ноҳияи Мастчоҳ 21 ҷинояти коррупсионӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии характери коррупсионидошта ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии 21 ҷинояти бақайдгирифташуда 6 ҷиноят бо моддаи 246 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне тасарруфи воситаҳои пулию молии тариқи кредит додашуда, 4 ҷиноят аз рӯйи моддаи 265 ғайриқонунӣ додани кредит, 2 ҷиноят тибқи моддаи 264 ғайриқонунӣ гирифтани кредит, яъне беш аз 50 дарсади содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ марбут ба фаъолияти сохтори бонкӣ буда, аз рӯйи моддаи 247, яъне қаллобӣ 2 ҷиноят ва дигар ҳолатҳо 3 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Дар панҷ моҳи соли 2019 дар ноҳияи Мастчоҳ 2 ҳолати содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки он марбут ба моддаи 247 КҶ ҶТ, яъне қаллобӣ мебошад.
Баъди маърӯзаи муфассали нозири шуъбаи мубориза бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назриён Васлибек Қурбон ва посухи ӯ ба пурсиши директори ҶДММ “ТВ Мастчоҳ” Солеҳзода Саодатхоҷа вохӯрии мазкурро Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азизода ҷамъбаст намуда, дар назди масъулин вобаста ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1504 аз 30 августи соли 2013 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсияи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дастуру супоришҳои мушаххас гузошт.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code