БУНЁДИ БИНОИ МАЪМУРИИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ РӮЗИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ШУРӮЪ ГАРДИД

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи бузурги сиёсии замони муосир ва ҳизби маҳбуби аҳли ҷомеа таҳти сарварии оқилонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ривоҷу равнақи беназири корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми барҷаста мегузорад.

Имсол кулли аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ 25-солагии таъсисёбии онро бо шукӯҳ таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат дар рӯзи  таҷлили ҷашни фархундаи 22-солагии Ваҳдати миллӣ бунёди  бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ шурӯъ гардид. Бинои зебову замонавии КИ ХХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ бо ибтикори созанда ва дастгирии холисонаи раиси ноҳия Ғайрат Азиззода сохта ба истифода дода мешавад. Тавре, ки Муллошукур Шокирзода – мухбири “Нигоҳи халқ” – нашрияи КИ ҲХДТ иттилоъ додааст, бо  саҳмгузории соҳибкори ватандӯст, узви фаъоли ҲХДТ ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Фахриддин Зокиров нахуст пойдевори бино бунёд ва сипас тавассути ҳашар ва сарпарастии дигар фаъолони ҳизб деворҳои он бардошта мешавад.

Муллошукур Шокирзода ҳамзамон ёдовар шудааст, ки:  “бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, маблағи лоиҳавии он 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Тибқи нақша бинои маъмурии кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ то охири соли ҷорӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад”.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code