ДАР АХД “ДӮСТӢ” ДУ ЧОҲИ АМУДӢ КОФТА МЕШАВАД

Дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Имрӯз сокинони АХД “Дӯстӣ”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак низ барои саҳм гузоштан дар рушду пешрафти диёр ва фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ тасмим гирифтаанд, ки тавассути ҳашар ва саҳмгузории дастаҷамъона ду чоҳи амудӣ кофта, мавриди истифода қарор диҳанд.

Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода аз ин тасмими сокинон истиқбол намуда, изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ташаббусҳои неку созандаро ҳамеша ҷонибдорию дастгирӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои кофтани чоҳи аввал ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, баҳри ба кор даромадани чоҳи дуюм як трансформатор тақдим карда мешавад.
Сокинон барои чунин дастгирӣ ба раиси ноҳия ибрози сипос карда, изҳор доштанд, ки баҳри татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ноил шудан ба дастовардҳои бузург содиқона меҳнат мекунанд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code