МАРКАЗИ ҶАВОНОН – АРМУҒОНИ ШОИСТА БА  ОЯНДАСОЗОНИ ВАТАН

Дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвари маҳбубамон бунёди садҳо иншооти таъйиноти иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маънавӣ бо суръати баланд идома дорад.
Бунёди маркази зебову замонавии ҷавонон дар деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ низ аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ мебошад. Он бо маблағгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо харҷи 4,5 млн. сомонӣ сохта мешавад, ки айни замон бунёди иншооти мазкур авҷ гирифта истодааст. Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ба маҳалли бунёди иншооти маркази ҷавонон ташриф оварда, бо раванди корҳои сохтмонӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Зимни ошноӣ бо корҳои бунёди иншоот Ғайрат Азиззода барои хушсифат ва саривақт сохта ба истифода додани он ба сохтмончиён дастуру супоришҳои мушаххас дод.
– Маркази ҷавонон армуғони шоиста ҷашнӣ барои ояндасозони Ватан мебошад, то ин барои ташаккул ва камолоти маънавию фарҳангӣ ва ифтихори ватандории онҳо хизмат намояд, – таъкид кард, Ғайрат Азиззода.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code