Неши ақраб на аз пайи кин аст…

Хабари дар сомонаҳои интернетӣ чопшударо бобати суханронии намояндагони «Паймони миллӣ» ва «Гурӯҳи 24» дар назди масъулини Куминаи ҳуқуқи инсони Созмони Милал дар Женева ва изҳороти роҳбарони он ба ҷомеаи Тоҷикистон хонда, кас ба ин натиҷа мерасад, ки ҳанӯзам бадхоҳони миллат бо дастгирии хоҷагони хориҷиашон нисбати миллату давлат санги таҳқиру таҳдид дар бағал доранд. Онҳо ба мисли ақраб кинасирату дилсиёҳанд.  Осоиштагиву пешрафтҳои ин сарзаминро дидан намехоҳанд. Чанде пеш мо 22 солагии Ваҳдати миллиро таҷлил намудем. Ваҳдати мо  он қадар қавӣ гаштааст, ки дигар касе онро халалдор карда наметавонад. Мардуми Тоҷикистон ба Пешвои бузургу маҳбуби  худ Эмомалӣ Раҳмон эътимод доранд. Тӯҳмат, бадгӯиву айбҷӯии бадхоҳон ҳеҷ гоҳ садди роҳе, ки халқи Тоҷикистон интихоб намудааст, намегардад.

Азизи РАҲМАТ – омӯзгор

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code