ҒАЙРАТ АЗИЗЗОДА: «ИСТИҚБОЛИ ШОИСТАИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ -МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ВАТАНДОРӢ»

Дар саҳни муассисаи давлатии солимгардонии мактаббачагони ноҳия бо номи «Сиёвуш», воқеъ дар деҳаи «Сангчашма»-и Ҷамоати деҳоти Навбаҳор бо фаъолону сокинони деҳаи мазкур мулоқоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода доир гардид. Ҳадаф аз баргузории он шиносоии наздик бо ҳаёту сокинони деҳоти Навбаҳор, махсусан деҳаи «Сангчашма», вусъат бахшидани раванди корҳои созандагию ободонӣ, таълиму тарбияи фарзанд ва дар маҷмуъ боз ҳам ободу зебо намудани ин гӯшаи ноҳияи Мастчоҳ буд.
Зимни суҳбати худ бо иштирокичиёни мулоқот Ғайрат Азиззода аз нақши тақдирсози Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди Тоҷикистони муосир, истиқболи шоистаи ҷашнҳои фархундаи 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ доир мегардад ва 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаҳои судманд баён дошт. Номбурда аз он ҷумла таъкид кард, ки: «Бо ҳидояти бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои асосии ҷашни 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Мастчоҳ доир мегардад.
Вобаста ба истиқболи ин санаи фархунда ва инчунин омодагӣ Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Нақшаи муфассали чорабиниҳо тасдиқ гардида, амалишавии он бо маром идома дорад. Раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар иншооти ҷашнӣ дар деҳоти Навбаҳор дар умум ҷараён дошта бошанд ҳам, вале суръати он беҳбудӣ мехоҳад. Инчунин бояд ҳар як деҳаи Ҷамоати мазкур нақшаи чорабиниҳои ба истиқболи санаҳои фархунда дошта бошад. Зерои истиқболи шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ масъулияти баланди ватандорист. Аз ин ҷиҳат, масъулият ва ҷалби аҳолиро ба иҷрои корҳои ободонӣ баланд бардоштан лозим аст. Ҳар як сокини деҳоти Навбаҳор бояд дар ободии зодгоҳи худ, тарбияи фарзандон ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагонӣ кӯшиш ба харҷ диҳад. Уҳдадориҳои худро вобаста ба супоридани андозҳо, маблағи истифодаи оби полезӣ, нӯшокӣ, барқ, танзими расму оинҳо бо сифати баланд иҷро намояд».
Дар мулоқот ҳамчунин Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Зокиров Дилшод Мансурович иштирок ва суханронӣ намуда, аз он ҷумла таъкид кард, ки бояд ҳар як сокини огоҳу ватандӯсти диёр мавқеи устувори сиёсӣ дошта бошад ва баҳри вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ саҳми шоистаи худро гузорад.
Мулоқотро Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ҷамъбаст намуда, барои иштирокчиён дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳаррӯза барори кору комёбиҳои бузургро таманно намуд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code