ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ ВАРЗИШӢ ДАР ИСТИРОҲАТГОҲИ “СИЁВУШ”

Варзиш асоси саломатӣ, муҳимтарин омили тақвиятбахши нерӯи ҷисмонию маънавӣ мебошад. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Варзиш гарави саломатӣ буда, саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад”. Аз ин ҷиҳат бо мақсади татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои варзишпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаккули тарзи ҳаёти солим дар муассисаи давлатии солимгардонии мактаббачагони ноҳия бо номи “Сиёвуш” бо дастгирии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода байни хонандагон, ки дар ин рӯзҳои таътили тобистона ба истироҳату фароғат фаро гирифта шудаанд, фестивали бозиҳои варзишӣ гузаронида шуд.
Фестивал аз рӯйи намудҳои варзиши волейбол, баскетбол, футбол, шоҳмот, тенниси рӯйи миз ва шашка сурат ҷараён гирифт. Зимни ҷамъбасти натиҷаҳои фестивал Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода иштирок намуда, ғолибони онро бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ кард.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code