ШИНОСОИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ  БО ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ «НУРИ САФАР»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17, 3 фоиз афзоиш ёфт.
Дар робита бо ин ва дарназардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад».
Боиси шодмонист, ки дар ноҳияи Мастчоҳ вобаста ба эълони чунин ҳадафи миллӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷа корхонаҳои саноатии ноҳия фаъолияти худро густариш дода, дар пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми муносиб мегузоранд. Яке аз чунин корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ҶДММ «Нури Сафар» мебошад, ки таҳти роҳбарии соҳибкори шинохта Бердиев Нур Сафарович аз моҳи сентябри соли 2017 пас аз таҷдиду навсозӣ ба истеҳсоли маҳсулоти ширӣ машғул аст. Корхонаи мазкур дар давоми нимсолаи якуми соли равон 211 тонна ширро коркард намуда, ба маблағи 589,9 ҳазор сомонӣ маҳсулоти творог, панир, равғани маска, сметана истеҳсол кардааст. Дар корхонаи «Нури Сафар» 30 нафар коргарон пурсамар фаъолият менамоянд.
Чанде пеш Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ба корхонаи «Нури Сафар» ташриф оварда, бо фаъолияти корхона аз наздик шинос шуд. Мавсуф аз раванди фаъолият, сифати маҳсулоти корхона, инчунин корҳои созандагию ободонӣ дар гирду атрофи он, ки дар партави истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифтааст, изҳори қаноатмандӣ карда, ба роҳбарияти ҶДММ «Нури Сафар» барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар баҳои шоиста дод.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code