ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МАЪЮБОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Дастгирию пуштибонӣ ва беҳтар кардани шароити ҳаёту рӯзгори ашхоси имконияташон маҳдуд – маъюбону эҳтиёҷмандон дар меҳвари сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин замина ҳамасола дар кишвари маҳбубамон санаи 8-уми июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад, ки гувоҳи барҷастаи ғамхориҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат дар ҳаққи маъюбон мебошад.
Дар ноҳияи Мастчоҳ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода маъюбон таҳти меҳрубонию ғамхорӣ фаро гирифта шуда, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеа барои рушду ободии ноҳия саҳми шоиста мегузоранд.
Имсол бо ташаббус ва дастгириҳои Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ба муносибати таҷлили Рӯзи маъюбон дар ноҳияи Мастчоҳ чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар тарабхонаи навбунёду замонавии “Бӯстон” бо иштироки васеи намояндагони маъюбон сурат гирифт. Иштирокчиёни чорабиниро аз номи Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия Мирзоолим Мирзораҳимов ба муносибати Рӯзи маъюбон табрику муборакбод гуфт.
Раиси Ҷамоати шаҳраки Бӯстон Музаффар Азизов, Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Сурайё Яъқубова низ маъюбонро ба рӯзи идашон табрик шодбош гуфтанд.
Санъаткорони қасри фарҳанги шаҳраки Бӯстони ноҳия бо дастагули шеъру тарона табъи маъюбонро шоду мамнун гардониданд.
Раиси Ҷамъияти маъюбони ноҳия Шоҳқосим Сафаров ба роҳбарияти давлату Ҳукумат, вилоят ва ноҳия барои чунин дастгирию пуштибониҳо изҳори сипос намуда, ёдовар шуд, мо аз чунин ғамхорию меҳрубониҳо қудрату илҳоми нав гирифта, барои истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми муносиби худро мегузорем.
Дар ҷамъомади таҷлили Рӯзи маъюбон мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Малика Муродова иштирок дошт.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code