МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯРО ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ РАВОН БАРРАСӢ НАМУД

Имрӯз дар толори калони маҷлисгоҳи бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода маҷлиси фаъолони ноҳия доир гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати мамлакат, сардори Саридораи геология Оймаҳмадзода Илҳомҷон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Нумонзода Темур иштирок намуданд. Маҷлиси фаъолон бо ҳузури муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сармутахассис- заминсозон, мутахассисони кишоварзӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, роҳбарони бархе аз хоҷагиҳои деҳқонӣ, сардорони АИО, уламои дин, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва намояндагони дигар соҳаҳо доир гардид.
Маҷлиси фаъолонро Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ифтитоҳ намуда, аз рӯи масъалаи ягонаи рӯзномаи он натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ дар нимсолаи якуми соли 2019 муовини Раиси ноҳия Ҳасанов Тошмурод Шарифович ҳисобот дод. Номбурда аз он ҷумла зикр намуд, ки: “Дар давоми нимсолаи якуми соли 2019 сокинони сарбаланду заҳматқарини ноҳияи Мастчоҳ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 декабри соли 2018, файзи қадам ва сафарҳои пурмаҳсули Пешвои муаззами миллат ба вилояти Суғд рӯҳу илҳоми тоза ва қудрату нерӯи нав гирифта, бо фаъолияти софдилона дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои шоиста ноил шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ 102,8 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 40 млн. 020 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда, амалан 41 млн. 179 ҳазору 121 сомонӣ маблағи андозҳо ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 1 млн. 159 ҳазору 121 сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,8 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 52 млн. 821 ҳазору 120 сомонӣ, 53 млн. 750 ҳазору 352 сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 929 ҳазору 232 сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 105,9 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 30 млн. 522 ҳазору 962 сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 1 млн. 721 ҳазору 962 сомонӣ зиёд аст.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,9 фоиз иҷро гардидааст. Нақша 31 млн 777 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 31 млн. 746 ҳазор 248 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 5492 ададро ташкил намуд, ки аз ин миқдор бо шаҳодатнома 255 адад, бо патент 650 адад, шахсони ҳуқуқӣ 510 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 4077 ададро дарбар мегиранд. Дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2018 дар ноҳия 266 адад субъектҳои соҳибкорӣ зиёд шудааст.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2019 ба маблағи 76 млн. 770 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 37 млн. 118 ҳазор сомонӣ зиёд буда 193,6 фоизро дарбар мегирад.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 вобаста ба вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ташкилотҳои сохтмонии ноҳия пурмаҳсул фаъолият карданд, ки далели он ҷалби 18 млн. 24 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 128,8 фоиз афзоиш ёфта, иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 17 млн. 356 ҳазор сомонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018 – 125,8 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ба маблағи 3 млн. 735 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2018 – 1,7 баробар зиёд мебошад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар давраи ҳисоботӣ сохтмони бинои 2 мактаб, яке дар маҳаллаи Ганҷобод барои 630 нафар ва дигаре барои 250 нафар дар маҳаллаи «40-солагии Дилварзин-2» бо дастгириҳои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода идома дорад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия сохтмони биноҳои таълимӣ ба ҷои биноҳои садамавии назди МТМУ №19 ва филиали МТМУ №5 дар деҳаи Файзобод идома ёфтанд. Бо маблағгузории фонди Саудии рушд барои сохтмони бинои филиали МТМУ №19 дар деҳаи «Оби Шифо» барои 240 нафар хонанда корҳои сохтмонӣ оғоз гардид.
Сохтмони биноҳои таълимӣ дар назди МТМУ №26 деҳоти Оббурдон аз ҳисоби маблағҳои фонди Саудии рушд ва маблағҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №37 шурӯъ шуд.
Бунёди бинои кӯдакистони хусусӣ барои 160 нафар дар шаҳраки Бӯстон ва дар маҳаллаи “40-солагии Дилварзин-2”-и деҳоти Палдорак аз ҷониби соҳибкорон идома дорад. Санаи 18.06.2019. бо иштироки Раиси ноҳия дар назди МТАУ №9 сохтмони бинои 7 синфхонаи таълимӣ тариқи ҳашар бо ҷалби мардуми маҳал оғоз гардид. Дар ин давра аз ҳисоби буҷаи ноҳия ва бо ҷалби соҳибкорону волидон биноҳои МТМУ №6, 10,13,18, 28, 31,МТАУ №24, МТТ №5, 8, 11, 12 ба маблағи 196850 сомонӣ таъмир гардиданд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ давоми нимсолаи якуми соли равон барои муассисаҳои тандурустии ноҳия ба маблағи 1,5 млн. таҷҳизоти замонавии тиббӣ харидорӣ карда шудааст.
Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 319 чорабиниҳои гуногунмазмун гузаронида шуданд, ки дар ин чорабиниҳо 127504 нафар иштирок намудаанд”.
Баъди шунидани ҳисобот дар назди фаъолон сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев оид ба ҳолати воқеии корҳои саҳроӣ, Раиси шаҳраки Бӯстон доир ба рафти сохтмони иншооти бунёдшаванда ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар маркази ноҳия гузориш доданд. Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода аз раиси Ҷамоати деҳоти Оббурдон Акбар Почозода ҷиҳати иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозҳои маҳаллӣ дар деҳоти мазкур, раиси Ҷамоати шаҳраки Обшорон Мавҷуда Ҳокимова иҷро нагардидани пардохти пурраи маблағи ҳаққи истифодаи оби нӯшокӣ дар шаҳрак, раиси Кумитаи замини ноҳия Зокирзода Умедҷон вобаста ба самти риояи қонунгузории замин, сардори бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Шохоҷаев Ҳасанхоҷа оид ба татбиқи барномаҳои давлатии марбут ба соҳа, муовини якуми Раиси ноҳия Атовуллозода Мулосоқӣ Фатҳулло ҷиҳати корбарӣ дар самти ҷамъоварии маблағи оби полезӣ ва фаъолияти раисони АИО пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта масъулинро вазифадор намуд.
Дар маҷлиси фаъолони ноҳия намояндаи Ҳукумати мамлакат, роҳбари гурӯҳи кории ноҳиявӣ дар ноҳияи Мастчоҳ вобаста ба таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, сардори Саидораи геологияи мамлакат Илҳомҷон Оймаҳмадзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Темур Нумонзода суханронӣ карда, аз фаъолон даъват ба амал оварданд, ки барои афзун гардонидани дастовардҳои меҳнатӣ дар нимсолаи дуюми соли равон софдилона саъю талош намоянд.
Кори маҷлиси фаъолони ноҳияро Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён саломатӣ ва барори кор хост.

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code