ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

Мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон соли 2021 Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо камоли муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ ва ифтихори волои ватандорӣ таҷлил менамоянд. Ба истиқболи ин санаи фархунда дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат раванди корҳои бунёди иншооти ҷашнӣ рӯз аз рӯз вусъати азим пайдо менамояд. Дар ноҳияи Мастчоҳ низ ба истиқболи санаи зикршуда, инчунин таҷлили тантанаҳои умумиҷумҳуриявии 23-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар соли 2020 садҳо иншооти ҷашнӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки бунёди Қасри замонавии фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон, варзишгоҳи муосир барои 10 000 ҷой, кохи варзишии “Паҳлавонони Суғд”, бинои маъмурии шуъбаи маориф қасри фарҳанг дар деҳоти Палдорак аз ҷумлаи иншооти муҳташам мебошад. Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ҳамроҳ бо роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Оймаҳмадзода Илҳомҷон ба маҳалли бунёди иншооти мазкур ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуданд. Зимни шиносоӣ ҳамзамон ба сохтмончиён барои боз ҳам суръат бахшидани корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code