ҒАЙРАТ АЗИЗЗОДА: “ДАСТИ КӮМАК ДАРОЗ КАРДАН ВА ХУРСАНДИВУ НИШОТ  БАХШИДАН БА НИЁЗМАНДОНУ МӮҲТОҶОН НЕКӮТАРИН СУННАТИ ИДИ ҚУРБОН АСТ”

Дар партави сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ҳамасола Иди саиди Қурбон ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақому манзалат ва моҳияти созандаи Иди шарифи Қурбон таъкид кардаанд: «Иди Қурбон таҷассумгари садоқату фидокории муъминон дар назди Худованд буда, ҳамзамон бо ин, саршор аз фазилатҳои меҳру саховат ва ҳимматбаландӣ мебошад.

Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва бо ҳамдигар наздик будан аст».

Мисли тамоми сокинони мусулмони кишвар субҳи имрӯз сокинони сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ дар масҷидҳои ҷомеи шаҳраку деҳоти Тоҷикистон ду ракаат намози Иди Қурбонро бо ҷомеи арконаш адо карда, барои раванақу ривоҷ, оромию ободии Ватани азиз ва фидокориҳои беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуои хайр намуданд.

Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ба масҷиди ҷомеи ба номи Хоҷа Аҳмади Ясавии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор ташриф оварда,  тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, барояшон дар ин рӯзи муборак аз даргоҳи Худованди бузург тансиҳатию хотирҷамъӣ ва саодати зиндагиро таманно дар ин рӯзи муборак аз даргоҳи Худованди бузург тансиҳатию хотирҷамъӣ ва саодати зиндагиро таманно намуд.

Ғайрат Азиззода зимни ироаи суханронии табрикотии худ ёдовар шуд, ки некӯтарин суннати марбут ба Иди Қурбон ин дасти кӯмак дароз кардану хурсандиву нишот бахшидан ба хонаводаи муҳтоҷону ниёзмандон, ятимону бечорагон, барҷомондагон ва куҳансолон мебошад. Иди Қурбон бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондӯстонааш дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар мусулмонони дунё мақоми басо арзишманд дорад.

– Аминам, ки мову Шумо бо дарки амиқ ва иҷрои  рисолати инсонию имонии хеш ҳамдигарро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ,  меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва  дигар амалҳои хайр раҳнамоию ташвиқ месозем. Барои тарбияи шоистаи фарзандон, беҳбудии рӯзгор ва ободии диёри хеш ҳамеша ҷаҳду талош менамоем, – таъкид намуд, Раиси ноҳия.

Баъди адои намози Иди Қурбон Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ба манзили зиёда аз 10 нафар сокинони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, аз ҷумла собиқадорони меҳнат, шахсони яккаву танҳо, маъюбон ва аз оилаҳои камбизоат ташриф оварда, онҳоро аёдат карда, барояшон кӯмакҳои моддӣ расонид.

  

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code