ПАЁМИ табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба таҷлили Иди Қурбон

Ҳамдиёрони азиз!

Мардуми шарифи Тоҷикистон иди саиди Қурбонро бо шукргузорӣ ба неъматҳои Офаридгор, озодию соҳибихтиёрӣ  ва сиёсати одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил менамоянд. Бинобар ин, ҳамаи Шумо, тамоми аъзои хонадони Шумо ва кулли сокинони ноҳияро ба муносибати Иди саиди Қурбон  сидқан табрику таҳният  гуфта, бароятон дар ин рӯзи муборак аз даргоҳи Худованди бузург тансиҳатию хотирҷамъӣ ва саодати зиндагиро таманно дорам. Бигзор бо иноёти Илоҳӣ рӯзгоратон хушу гуворо ва ободу осуда бошад.

Ҳамдиёрони арчманд!

Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвари маҳбубамон, аз ҷумла дар ноҳияи мо раванди ободкориву созандагӣ бахшида ба истиқболи шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром ҷараён дорад. То ин ҷашни муборак  аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблагузорӣ дар ҳамаи шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмон, бунёд ва таъмиру азнавсозии 535 иншоот, аз он ҷумла иншооти  муҳташами қасри замонавии фарҳанг, майдони Парчами давлатӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона, варзишгоҳи марказӣ, толори варзишии «Паҳлавонони Суғд», терминали байналмиллалии автомобилҳои боркаш, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, терминали мусофиркаш, 6 бинои маъмурии мақомоти марказӣ дар ноҳия, 17 майдончаи варзишӣ, 7 муассисаи нави таълимӣ,  6 кӯдакистони хусусӣ, 5 маркази саломатӣ, 19 маркази савдои замонавӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии ноҳия ба масофаи 70 километр, таъмиру тармими  19 адад муассисаҳои таълимӣ ва монанди инҳо дар мачмӯъ ба маблағи 480 миллиону 300 ҳазор сомонц сохта ба истифода дода мешаванд. Дар ин радиф, давоми нимсолаи якуми соли 2019 ба маблағи 14 миллиону 560 ҳазор сомонӣ 68 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шуд.

Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, соли 2020 Иди Ваҳдати ҷумҳуриявӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор мегардад. Аз ин рӯ, ба ҳар яки мо лозим ва зарур аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда, барои қабули якуним ҳазор меҳмононе, ки ба ноҳия ташриф меоранд, ба тозагии хонаву дар, кӯчаву маҳаллаҳоямон ҳусни оғоз бахшем.

Дар арафаи Иди Қурбон иҷрои рукни панҷуми дини мубини Ислом, яъне адои маносики ҳаҷ – тавофи Каъбатуллоҳ ва зиёрати равзаи поки Расулуллоҳ шукӯҳу бузургии ин ҷашни дилбастагӣ ба Офаридгорро пеши назари мову Шумо боз ҳам равшантар ҳувайдо месозад. Имсол 61 нафар сокинони ноҳияи мо низ дар баробари тамоми зиёраткунандагони хонаи Худо бо файзу инояти Илоҳӣ ва туфайли сиёсати адолатпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба иҷрои маносики Ҳаҷ шарафёб гардида, ҳоло дар сарзамини муқаддас  дуову ибодат ва тавофи Каъбаро ба ҷо оварда истодаанд, ки аз даргоҳи Худованд иҷобати дуоҳояшонро таманно дорем.

Ҳозирини муҳтарам!

Некӯтарин суннати марбут ба Иди Қурбон ин дасти кӯмак дароз кардану хурсандиву нишот бахшидан ба хонаводаи муҳтоҷону ниёзмандон, ятимону бечорагон, барҷомондагон ва куҳансолон мебошад. Иди Қурбон бо ҳамин хусусиятҳои неку инсондӯстонааш дар миёни мардуми шарифи Тоҷикистон ва дигар мусулмонони дунё мақоми басо арзишманд дорад.

Аминам, ки мову Шумо бо дарки амиқ ва иҷрои  рисолати инсонию имонии хеш ҳамдигарро ба дӯстию рафоқат, ҳамдилӣ,  меҳнати ҳалол, созандагию ободкорӣ ва  дигар амалҳои хайр раҳнамоию ташвиқ месозем. Барои тарбияи шоистаи фарзандон, беҳбудии рӯзгор ва ободии диёри хеш ҳамеша ҷаҳду талош менамоем.

Бо чунин ниятҳои фарзонаву идона бори дигар ҳамаи Шумо ва кулли сокинони ноҳияро  ба муносибати Иди Қурбон  самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар кадоми Шумо ризқи фаровон, оромиву осоиш, меҳру муҳаббат ва файзу баракат орзу менамоям.

Иди саиди Қурбон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code