РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ҒАЙРАТ АЗИЗЗОДА ДАР РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН САРБОЗОНУ АФСАРОНРО АЁДАТ НАМУД

Дар паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Иди Қурбон чунин омадааст: “Мо бояд дар рӯзҳои баргузории ин иди саид ба ҷанбаи маънавии масъала аҳаммияти зарурӣ диҳем.

Мардумро аз вазъи кишварҳои мусулмонӣ, низоъҳои байнимазҳабӣ, равандҳои сиёсисозии ислом ва ниятҳои нопоки гурӯҳҳои ифротӣ воқеъбинона огоҳ кунем.

Дар раванди таълиму тарбияи ҷавонон ба масъалаҳои дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум, дастовардҳои истиқлолият ва иззату эҳтиром кардани падару модар ва калонсолон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоем”. Дар доираи татбиқи амалии чунин дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз пас аз адо намози ид, табрикоти идона Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ба қисми ҳарбии №0201 Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди деҳоти Навбаҳори ноҳия ҷойгир мебошад, ташриф оварда, бо раванди хизмати ҳарбии сарбозону афсарон аз назди шинос ва онҳоро ба муносибати Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфт. Дар ин рӯзи саид Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ба афсарону сарбозон пеш аз ҳама саломатии бардавом, оромишу осоиши рӯзгор, файзу баракати бешумор, бахту саодати баланд дар ҳифзу ҳимояи сарҳади муқаддаси Ватан далерию шуҷоат, матонату ҷасорат ва нангу номуси баланди миллию ватандориро таманно намуд. Зимни ироаи сухани табрикотӣ Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода моҳияти ҳимояи сарҳад, зиракии сиёсӣ, ҳимояи манфиатҳои миллию давлатиро шарҳу тавзеҳ дода, аз сарбозону афсарон даъват ба амал овард, ки дар муқобили зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ба монанди экстремизму терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамеша ҳушёру огоҳ ва далеру зирак бошанд.

– Шумо, сарбозону афсарони марзбон чашми бедори Тоҷикистон ва умеду ифтихори мардум ҳастед. Боварии комил дорам, ки ҳамчун сарбозу афсари содиқ ба Ватан, ба Пешвои миллат ва ба халқи худ сарбаландона хизмат менамоед. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҳамеша барои беҳтару хубтар намудани шароити хизмати сарбозону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди ноҳия тамоми тадбирҳои имконпазирро меандешад, – таъкид намуд, Раиси ноҳия.

Дар ин рӯзи Иди Қурбон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, махсусан Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода барои сарбозону афсарон дастурхони идона ороста шуд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code