ВАТАН ДАР РАҲАТ ҶОННИСОРЕМ

Субҳи имрӯз дар асоси розигии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ  санҷиши ҳолати омодабошии уҳдадорони ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ оғоз гардид. Ба ин муносибат дар саҳни бинои мақомоти иҷроияи шокимияти давлатӣ бо иштироки сардори мудофиаи ноҳияи ҳудудӣ, Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ҷамъомад доир шуд, ки нахуст – муовини аввали сардори ноҳияи мудофиаи ҳудудӣ, комиссари ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ, майор Алиҷон Сангинзода гузориш дод. Баъдан  сардори мудофиаи ноҳияи ҳудудӣ, Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ба сухан баромада моҳияти баргузории санҷиши ҳолати омодабошии уҳдадорони ҳарбии ноҳияро дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ шарҳ дода, аз он ҷумла таъкид кард, ки: “Имрӯзҳо мову шумо дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Истиқлолияти давлатӣ шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳимэҳтиром аст.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон содиқонаву  софдилона меҳнат кунем».

Табиист, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини ҳамаҷонибаи амнияту давлату миллат, ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият, оромӣ, сулҳу субот дар мадди аввал гузошта мешавад. Бинобар ин мо бояд ҳар лаҳзаву ҳар дақиқа дар ҳолати омодабош қарор гирем. Ҳушёру зирак бошем. Мақсади ҷамъомади имрўзаи мо ҳам аз ҳамин иборат аст. Яъне мо барои ҳифзи Ватан, оромиву осудагӣ, садоқат ба давлати соҳибистиқлол ва Пешвои мањбуби худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша омодаем.  Чунки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо эътимоду боварии комил доранд. Борҳо изҳор намудаанд, ки: «Ман ба нангу номуси баланди миллӣ, ватандориву ватандӯстӣ ва мардонагиву ғурури мардуми Мастчоҳ итминони комил дорам».

Дар санҷиши ҳолати омодабошии уҳдадорони ҳарбии ноҳияи Мастчоҳ зиёда аз 1000 нафар афсарону сарбозони эҳтиётӣ иштирок намуданд. Санҷиш то санаи 5-уми сентябри соли равон идома меёбад.

   

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code