ТАҶЛИЛИ ПУРШУКӮҲИ ҶАШНИ ОЗОДӢ БО ИШТИРОКИ МЕҲМОНОНИ ӮЗБЕКИСТОНӢ

Дирӯз, санаи 05.09.2019. дар назди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонии шаҳраки Бӯстон – маркази ноҳияи Мастчоҳ чорабинии бошукӯҳ бахшида ба таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид, ки дар он баробари роҳбарияти ноҳия, намояндаи Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, инчунин як гурӯҳ меҳмонон аз ноҳияи Бекободи вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии ҳокими ноҳияи мазкур ширкат варзиданд.
Чорабинии шукуҳманди ҷашни Истиқлолро Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии табрикотии худ аз он ҷумла таъкид кард, ки: “Истиқлолияти давлатӣ меҳвари созандагию бунёдкорӣ ва бузургтарин ифтихори ватандорӣ мебошад. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланди тоҷик аст, ки набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Мардуми шарифи Тоҷикистон имрӯзҳо ҷашни фархундаи Рўзи Истиқлолияти давлатиро бо тамоми шукуҳу шаҳомат таҷлил намуда истодаанд. Бинобар ин, ҳамаи шумо ва тамоми сокинони шарафманди ноҳияро ба фарорасии ҷашни ҳумоюнии 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию умри дароз, шодию фараҳ, бахту саодати безавол, эҳсоси баланди ифтихори миллӣ ва нангу номуси ватандориро орзумандам”.
Намояндаи Ҳукумати мамлакат, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории таҷлили Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия муҳтарам Илҳомҷон Оймаҳмадзода низ сокинони ноҳияро ба ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи бо мукофоти давлатии медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонидани сокинони ноҳия – Зокиров Дилшод Мансурович, Олимов Устосафар ва Шариф Юсуфов қироат намуда, ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ медалҳоро тақдим намуд.
Ҳокими ноҳияи Бекободи вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуллоев Неъматҷон Озодович ва муовини раиси шаҳри Бекобод Дадабоев Алишер ба сухан баромада, сокинони ноҳияро ба шарафи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, аз рушди рӯзафзуни равобити дӯстонаи мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори шодию мамнуният намуданд.
Санъаткорони қасри фарҳанги ноҳия ва намояндагони санъату ҳунари шаҳри Бекобод бо суруду навоҳои дилнишин табъи иштирокчиёни чорабиниро болида намуданд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code