ОҒОЗИ СОХТМОНИ МАНЗИЛИ ИСТИҚОМАТӢ БАРОИ ЯТИМИ КУЛЛ ДАР МАВЗЕИ НАВБУНЁДИ ДЕҲАИ ДУРДАСТИ ВАҲДАТОБОДИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ

Дар ноҳияи Мастчоҳ баҳти татбиқи сиёсати адолатпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба дастгирии иҷтимоии ашхоси ниёзманд, аз ҷумла ятимони кулл бо роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода пайваста тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Дар ин замина, имрӯз дар айёми саъду мубораки таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода, муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини дастгоҳи Раиси ноҳия, хизматчиёни давлатӣ, роҳбарони бархе ташкилоту муассисаҳо, роҳбарият ва масъулини шаҳраки Бӯстон, деҳоти Палдорак ва Навбаҳор, аҳли зиё ва сокинони деҳаи дурдасти Ваҳдатободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия корҳои сохтмонии бинои манзили истиқоматӣ барои Давлатзода Идибой, ки бо амри сарнавишт аз навозишу меҳри падару модар маҳрум гардида, ятими кулл мебошад, ба тариқи ҳашар оғоз гардид. Дар ин кори хайру савоб ширкати собиқадори меҳнат, пири кор, сокини деҳаи мазкур бобои Темур Анорбоеви 73-сола, ки бо нерӯю ғайрати дучанд дар сохтмони манзил заҳмат мекашид, илҳомбахши кори ҳашарчиён гардид. Аз ин дастгирии самимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, махсусан Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода дар бунёди манзили истиқоматӣ Давлатзода Идибой басо мамнуну хурсанд гардида, ифтихор аз он дорад, ки дар кишвари озоду соҳибистиқлол, дар партави сиёсати мардумпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебарад, ки падари ғамхори тамоми ятимони мамлакат ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли равон дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳия бо дастгирӣ ва иқдоми хайрхоҳонаи Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода барои се нафар ятими кулл аз оила бунёди манзили истиқоматӣ ба роҳ монда шуда буд.

  

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code