ОБОДИИ РОҲИ ВАҲДАТОБОД

Бо ибтикори хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои ободии деҳоти мамлакат, аз ҷумла маҳаллаҳои навбунёди ноҳияи Мастчоҳ такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин росто корҳои ободонӣ дар мавзеи навбунёди деҳаи Ваҳдатободи Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ рӯз аз рӯз равнақу ривоҷ меёбад. Дар ин мавзеи навбунёд 2700 оила қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардида, ҷихати инфрасохтори зарурӣ тадбирҳои зарурӣ надешида мешавад. Дар ин замина, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода дар маҳаллаи навободи деҳаи Ваҳдатбод як адад транфарматор насб гардида, ду адад чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд. Ба масофаи 1 км хати оби нӯшокӣ кашида шуд. Дар ин раванд бо дастгирии роҳбарияти шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Мастчоҳ роҳби байни деҳа ба масофаи 3 км тахту ҳамвор ва шағалрез карда шуд. Раиси маҳаллаи навбунёди деҳаи Ваҳдатобод Мирзо Қушмуродов вусъати корҳои ободониро дар деҳаи мазкур аз файзи Истиқлолият дониста мегӯяд, ки: “Ободии деҳаи Ваҳдатобод самараи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат аст”. Ёдовар мешавем, ки дар деҳаи мазкур то ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёди мактаб, кӯдакистон ва бунгоҳи тиббӣ дар назар дошта шудааст.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code