«РОҒУН» – МАНБАИ АДОНАШАВАНДАИ НУР

Дар қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ ҷамъомади бошукӯҳ таҳти унвони “Роғун” – манбаи адонашавандаи нур” бахшида ба истифода додани агрегати дуюми НБО “Роғун” бо иштироки намояндагони сершумори касбу кори мухталиф, дар сатҳи баланди ғоявию сиёсӣ доир гардид. Дар он муовини якуми Раиси ноҳияи Мастчоҳ Мулосоқӣ Атовуллозода иштирок намуда, паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззодаро ба ифтихори мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дуюми НБО “Роғун” қироат намуда, ба иштирокчиёни ҷамъомад саломатию хуррамии рӯзгор, бахти безавол, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои бузурги меҳнатиро таманно намуд. Баъдан санъаткорони қасри фарҳанг таҳти роҳбарии директори он, мутриби хушовоз Ҳакимҷон Давлатов бо суруду таронаҳои ватанпарваронаи худ табъи ҳозиринро болида намуданд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code