«РОҒУН» – НУРИСТОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА МАШЪАЛИ РАХШОНИ ВАТАНДОРӢ

Имрӯз, санаи 09.09.2019 тамоми сокинони сарбаланду шарафманди кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз шоҳиди ба вуқуъ пайвастани рӯйдоди муҳиму таърихӣ – ба истифода додани агрегати дуюми иншооти муҳташами аср – Нерӯгоҳи Барқию Обии «Роғун» гардиданд. Тугмаи рамзии ба фаъолият шуруъ намудани чархаи дуюми «Роғун»-ро дар ин рӯзи фархунда – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарвари роғунофарини Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахш намуда, аз муждаи навбатии бахту зафар ба мардуми кишвар башорат доданд.
Дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи «Роғун» рамзи дурахшони созандагию бунёдкорӣ, ифтихори баланди ватандорӣ, амалӣ гардидани орзую умеди бузург ва шаҳодати равшани фардои фирӯзи миллату Ватан мебошад. Зеро, бунёди Нерӯгоҳи «Роғун» олитарин ғояи миллии мардуми шарифи Тоҷикистон буда, маҳз бо шарофати сиёсати ватандӯстона ва талошу заҳматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз нуҳ сол пеш зимни муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон вобаста ба бунёди иншооти «Роғун» чунин таъкид намуда буданд: «Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакати мо тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст.
Чунки Роғун на танҳо манбаи рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад».
Сохтмони Нерӯгоҳи «Роғун» нимаи дуюми солҳои ҳафтодуми асри гузашта оғоз гардида, агрегати нахустини он бояд соли 1993 ба фаъолият шурӯъ мекард. Аммо, дар ибтидои солҳои навадум дар натиҷаи иғвои як гурӯҳ ба ном «озодихоҳон»-и тоҷик сохтмони ин иншооти муҳими аср аз ҷониби вазорати сохтмони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ ва бинобар ҷанги шаҳрвандӣ ва вазъияти ногувори иқтисодию иҷтимоӣ корҳои сохтмонӣ дар он идома наёфт. То соли 2000-ум дар мамлакат кам нафароне буданд, ки ба бунёди минбаъдаи «Роғун» эътимоду боварӣ дошта бошанд. Хушбахтона, бо шарофати сиёсати созанда, азму иродаи қавӣ ва матонату ҷасорати бемисли Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин иншооти муҳими аср оғоз ёфт.
Моҳи январи 2010 Пешвои бузурги миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда, зимни он бо тамоми эњсоси ватандӯстӣ сокинони мамлакатро барои саҳмгузорӣ дар бунёди «Роғун» даъват намуда, ёдовар шуданд, ки: «бо бунёди Роғун мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем!
Зеро Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод!
Роғун – ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад!»
Дар идомаи ин матлаб Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд: «Касоне, ки саҳмияҳои Роғунро харидорӣ менамоянд ва онҳое, ки бо роҳҳои гуногун дар бунёди нерӯгоҳ ҳисса мегузоранд, бовар дошта бошанд, ки дасти имдоди фарзандӣ ба модари худ – Тоҷикистони азизи беҳамто дароз кардаанд».
Ин даъвати ватанпарастонаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби сокинони сарбаланди мамлакат аз дилу ҷон ҷонибдорӣ намуда, ба маблағи беш аз 900 миллион сомонӣ саҳмия харидорӣ намуданд. Чунки мардуми моҳияти бунёди «Роғун»-ро ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле манфиатовар аст. Иқтидори «Роғун» пас аз анҷоми сохтмон 3600 мегаваттро ташкил хоњад дод ва дарғоти баландтарин дар дунё бо баландии 335 метр обанбореро ба вуҷуд хоҳад овард, ки 13,3 километри мукаабро фаро мегирад. Нерӯгоҳи «Роғун» солона 17,7 миллиард кВт-соат неруи барқ истеҳсол хоҳад кард.
Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои бунёди нерӯгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз ҷараёни сохтмон дидан карда, бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор такони ҷиддӣ мебахшад. 29 октябри соли 2016 мо бо чашми сар дидем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди «Роғун» ҳусни оғоз бахшиданд.
Санаи 16 ноябри соли 2018 бо ҳузури мубораки Пешвои азизи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳайати баландпояи меҳмонон аз хориҷи кишвар ва теъдоди беш аз даҳҳазораи сокинони Тоҷикистон агрегати якуми НБО-и «Роғун» ба истифода дода шуда, нури он хонадони мардуми Тоҷикистонро равшану фирӯз намуд. Дар ин рӯзи таърихӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, барҳақ таъкид карда буданд, ки: «Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!»
Инак, мардуми сарбаланди Тоҷикистон имрӯз шоҳиди ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи «Роғун» – нуристони Истиқлолият ва машъали рахшони ватандорӣ гардиданд. Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бахшида ба истифода додани агрегати дуюми «Роғун» таъкид намуданд: «Нерӯгоҳи “Роғун” самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад».
Бинобар ин, шодию нишоти тамоми мардуми Тољикистон имрӯз ҳадду канор надорад. Мо сокинони ноҳияи Мастчоҳ низ имрӯз шодмону масрурем. Шукрона аз он мекунем, ки Пешвои бузург ва Президенти маҳбуби худро дар симои сиёсатмадори барҷаста, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорем, ки моро ба сӯйи фардои пурсаодат ҳидоят менамоянд. Президенти мо – ифтихори мо, сарвари аъзаму ғамхори мо ва раҳбари оқилу одили мо ҳастанд. Ман бо камоли эҳтиром тамоми сокинони ноҳияи Мастчоҳ ва кулли шаҳрвандони Тоҷикистонро ба шарафи 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва баҳрабардорӣ аз дуввумин чархаи Нерӯгоҳи Барқию Обии «Роғун» табрику тањният гуфта, бароятон саломатию хуррамии рӯзгор, бахти безавол, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва комёбиҳои бузурги меҳнатиро таманно дорам.
Поянда бод Тоҷикистон, халқи заҳматкаш ва Пешвои роғунофарини он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code