«РОҒУН» – ШОҲКОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, санаи 09.09.2019 дар хонаи фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ пас аз тамошои пахши мустақими ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун” бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ва меҳмонон аз маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд дар ҳайати Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Мирзотоҳир Набиев, ходимони сиёсию ҷамъиятӣ – Мавҷуда Бобоева, Назира Ғаффорӣ, Рухсора Давлатзода ҷамъомади бошукӯҳ таҳти унвони “Роғун” – шоҳкори Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ҷамъомад роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, уламои дин, собиқадорони меҳнат, зиёиён, занону ҷавонони фаъол ширкат варзиданд. Дар назди иштирокчиён Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода бо маърӯзаи пурмазмун дар мавзӯи “Роғун – нуристони Истиқлолият ва машъали рахшони ватандорӣ” суханронӣ намуда, ҳамагонро ба шарафи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи дуюми Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун” табрику таҳният гуфт. Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода аз он ҷумла зикр намуд, ки: «Имрӯз тамоми сокинони сарбаланду шарафманди кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистони азиз шоҳиди ба вуқуъ пайвастани рӯйдоди муҳиму таърихӣ – ба истифода додани агрегати дуюми иншооти муҳташами аср – Нерӯгоҳи Барқию Обии «Роғун» гардиданд. Тугмаи рамзии ба фаъолият шуруъ намудани чархаи дуюми «Роғун»-ро дар ин рӯзи фархунда – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарвари роғунофарини Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пахш намуда, аз муждаи навбатии бахту зафар ба мардуми кишвар башорат доданд.
Дар рӯзи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи «Роғун» рамзи дурахшони созандагию бунёдкорӣ, ифтихори баланди ватандорӣ, амалӣ гардидани орзую умеди бузург ва шаҳодати равшани фардои фирӯзи миллату Ватан мебошад. Зеро, бунёди Нерӯгоҳи «Роғун» олитарин ғояи миллии мардуми шарифи Тоҷикистон буда, маҳз бо шарофати сиёсати ватандӯстона ва талошу заҳматҳои фидокоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз нуҳ сол пеш зимни муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон вобаста ба бунёди иншооти «Роғун» чунин таъкид намуда буданд: «Ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакати мо тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони ҳиммату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст.
Чунки Роғун на танҳо манбаи рӯшноӣ, балки санги маҳаки номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад».
Баъдан, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – Мирзотоҳир Набиев низ сокинони ноҳияи Мастчоҳро ба муносибати ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода додани агрегати дуюми Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун” табрику муборакбод намуданд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода, мудири бахши фарҳанги ноҳия Маҳмадшариф Шодиев, директори қасри фарҳанги ноҳия Абдулло Халифазода, сарбалетмейстери қасри фарҳанг Қадриддин Саидаминзода, директори МТМУ №29 Шамсимаҳмад Раҷабов, директори ҶДММ Маркази ташхисию табобатии “Сино” Султонов Ниёз, донишҷӯ Фараҳнӯш Исматӣ, ҳофизи мумтоз Сабурҷон Зокиров Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тақдим гардид. Суруду навоҳои дилангезу ватанпарастонаи ҳофизону санъаткорони ноҳия табъи иштирокчиёни ҷамъомадро басо мамнуну болидахотир гардонид. Баъди анҷоми ҳунарнамоии санъаткорон бо шукронаи соҳибистиқлолӣ ва ба истифода додани агрегати дуюми НБО “Роғун” раҳпаймоии сокинон ҷараён гирифт, ки дар он зиёда аз 2500 нафар намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code