КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГ (Ҷамоати шаҳраки Обшорон)

Дар доираи Барномаи солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ноҳияи Мастчоҳ, аз ҷумла дар Ҷамоати шаҳраки Обшорон ба ифтихори ҷашнҳои Ваҳдати умумиҷумҳуриявӣ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 адад нақша- чорабинӣ бо харҷи 1,8 миллион сомонӣ дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.
Яке аз ин нақша – чорабиниҳо дар навбати аввал барои таъмиру тармим ва тартибу низом даровардани Боғ ва атрофу роҳравҳои он бо дастгирии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода аз ҳисоби буҷети ноҳия 300 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, кор дар ин самт алҳол раванди муайян дорад.
Чуноне сардори шуъбаи сохтмони асосии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Мулломаҳмад Давлатов иттилоъ медиҳад : ҶДММ “Фаворит”- (раисаш Толибшоҳ Ҷумъаев) ин масъулиятро ба зимаи худ гирифтааст, ки боғ дар масоҳати 2 га доман паҳн кардааст. Айни замон корҳои сохтмонии саҳна идома дошта, бунёди кинотеатри тобистона ва дар оянда амфитеатр, ҳамчунин сохтмони ҳавз, фаввораҳо, роҳравҳои сафолакпӯш, нишастгоҳҳои замонавӣ, чароғонкунӣ ва иҳота бо панҷараҳои муҳофизӣ дар назар дошта шудааст.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code