ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ МУҲТАРАМ ҒАЙРАТ АЗИЗЗОД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ,  ЗОДРӮЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИДИ ОМӮЗГОР 

Ҳамдиёрони азиз!

Омӯзгорони арҷманд!

Фарорасии ҷашнҳои фархундаи Рӯзи забони давлатӣ, Иди омӯзгорро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам ба ҳар яки Шумо самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию саодатмандӣ, рӯзгори ободу осуда, файзу иқболи баланд ва дар фаъолияти ибратпазиратон нусрату комёбиҳои бузургро таманно дорам.

Тавре, ки ҳамаи Шумо огоҳии комил доред, даҳ сол пеш, санаи 5-уми октябри соли 2009 бо ибтикори хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, дар ин замина марҳилаи нави рушду такомули забони давлатӣ оғоз шуд, ки то имрӯз бо суръат идома ёфта истодааст.

Рӯзи забони давлатӣ, яъне имрӯз санаи 5-уми октябр боз аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи кишвар азизу муқаддас аст, ки он зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Наҷотбахши халқу Ватан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Шахсияти инсонию маънавӣ ва роҳбарии Пешвои азизу созандаи мардум, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт мебошад, ки 27 сол инҷониб ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гармӣ ва нуру рӯшноӣ мебахшад. Чунки Пешвои фидокори халқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замоне сарвари давлат интихоб шуданд, ки умеду боварӣ ба ояндаи дурахшони Ватан дар дилҳо мурда буд. Кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон аз дасти фарзандони нохалафу хоинони дохиливу хориҷиаш ба мамлакати «теғу оташу хун» табдил шуда, хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлат ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти рӯз табдил гардида буд.

Дар чунин вазъияти нобасомон, ояндаи норавшан, даврони тирабахтию шум, дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, аз байни намояндагони халқ марди щердилу боҷасорат, қавииродаву хирадманд ва деҳқонзодаи асил бо номи Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ ва баъди ду сол Президенти мамлакат интихоб гардида, аз рӯзҳои аввали ба вазифа шуруъ кардани худ ба мардуми кишвар хитоб намуда, таъкид доштанд, ки; «Ман ба Шумо сулҳ меорам». Ин марди бузург ба ин қавли додаи худ содиқ монда, ба кишвару ватани худ сулҳу ваҳдати миллиро ба армуғон оварданд.

Сулҳу Ваҳдат беҳтарин ва нодиртарин ҳадяи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба таъкиди сиёсатмадори маъруфи олам, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин: «… дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешавад».

Яке аз маъруфтарин ва маҳбубтарин адибони башарият дар замони муосир, нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов хизматҳои беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмини сулҳу шукуфоӣ чунин васфу ситоиш намудааст, ки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон мебошад: «Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд».

Имрӯз кишвари маҳбубамон зери парчами  музаффаронаи Президент ва сарвари созандаи худ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи нави рушду инкишофи бемайлони таърихӣ қарор дорад. Мардуми шарифи мамлакат бо ҳидояти Пешвои маҳбуби худ баҳри истиқболи сазовори ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Дар ин радиф, таҳкими пояҳои истиқлолияти маънавӣ, аз он ҷумла бузургдошти забони давлатӣ мақоми махсус дорад.

Бо мақсади татбиқи пайгиронаи Қонуни забони давлатӣ як силсила санадҳои муҳим, аз ҷумла Қоидаҳои нави имлои забон, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 -2016 ба тасвиб расида, таҳия ва чопи «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», таъсис ва фаъолияти ниҳоди махсуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда шуд, ки ҳамаи ин барои таъмини волоияти мақому манзалати забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд. Гузашта аз ин, Пешвои маърифатофарини миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се сол муқаддам асари пурмазмуни илмию тадқиқотии худро бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат»-ро эҷод намуданд, ки ин шаҳкитоби худшиносӣ барои дар рӯҳияи баланди дӯст доштани забони модарӣ ба камол расонидани наврасону ҷавонон хизмати шоиста менамояд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз табрикоти идонаи худ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони давлатӣ барҳақ таъкид намудаанд, ки: «Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғаниву сарватманди ҷаҳон буда, қудрати ифода кардани кулли мафҳумҳоро дорад.

Бо ин забон на танҳо адабиёти оламшумули беш аз ҳазорсола офарида шудааст, балки аз ҷониби донишмандони бузурги мо асарҳои пурарзиш дар самиҳои мухталифи илмӣ таълиф ёфтаанд, ки ба пешрафти минбаъдаи илмҳои табииву дақиқ дар ҷаҳон мусоидат намудаанд.

Ба ибораи дигар, забони тоҷикӣ аз даврони қадим на танҳо забони фарҳангу адаб, балки забони илм, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиӣ низ ба шумор мерафту меравад.

Вазифаи мо, махсусан, олимону донишмандон имрӯз аз он иборат аст, ки дар шароити рушди босуръати илму техникаи муосир қудрати забони модариамонро боз ҳам афзун намуда, бо истифода аз сарвати бузурги луғавии забони тоҷикӣ онро ҳамқадами замона гардонем.

Ҳамзамон бо ин, маданияти нутқ ва ҳифзи фасоҳату балоғати забони модарӣ бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошад».

Албатта дар татбиқи чунин дастуру ҳидояти созандаи Пешвои маҳбуби халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама устодону омӯзгорон метавонанд, ки бо фаъолияти таълимию тарбиявии худ саҳми шоиста гузоранд.  Чунки омӯзгорон беҳтарин донандаи асри сухан ва омӯзандагони забон буда,  машъалафрӯзони донишу маърифат ҳастанд. Маҳз дар натиҷаи фаъолияти пурсамари омӯзгорон фарзандони шоистаи миллат ба камол мерасанд ва кишвари азизи худро ободу зебо мегардонанд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад, вай дониш, заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт меҳисобад».

Аз ин ҷиҳат, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  дар партави татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи доимии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати пешрафти соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгорон пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.

Танҳо дар давоми як соли охир, яъне аз ҷашни 27-солагӣ то ҷашни 28-солгаии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия 6 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуд.

Ҳоло дар ноҳия бунёду чандин иншооти муҳими соҳаи маориф, аз ҷумла бинои замонавии шуъба, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаи «Оби Шифо»-и деҳоти Навбаҳор, маҳаллаи «40-солагии Дилварзин»-и деҳоти Палдорак, синфхонаҳои нави таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и деҳоти Оббурдон бо маром ҷараён доранд.  Корҳои сохтмонии муассисаи нави таълимӣ дар шаҳраки Ганҷобод бо дастгирии Раиси вилоят, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода вусъати тоза пайдо намуданд.

Дар ин раванд ҷиҳати қадршиносии аҳли маориф тадбирҳои муҳим андешида шуда, арафаи иду айём ва ҷашнҳои давлатӣ пайваста омӯзгорони собиқадор аёдат карда мешаванд.

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар муассисаҳои таълимии ноҳия омӯзгорон ҳамчун чароғафрӯзони илму дониш ва тарбиятгарони маънавии наврасону ҷавонон рисолати касбии худро сарбаландона иҷро намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумат саҳми шоистаи худро мегузоранд. Дар рӯзҳои таҷлили 27-солагии Истиқлолияти давлатӣ яке аз омӯзгорони фидоии ноҳия, муаллими эчодгор устоди азиз Мирхоюсуф Шарифзода бо мукофоти давлатии «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданд, ки ин арҷгузорӣ ба тамоми омӯзгорони ноҳия аст.

Боварӣ дорам, ки дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои маҳбуби худро аҳли маорифи ноҳия, махсусан – шумо омӯзгорону зиёиён ва муаллимону мураббиён сармашқи кори хеш намуда,  минбаъд низ баҳри таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон, истиқболи сазовору маънавии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тантанаҳои умумиҷумҳуриявии 23-солагии Рӯзи  Ваҳдати миллӣ, ки соли 2020 дар ноҳияи Мастчох доир мегардад, саҳми арзанда мегузоред.

Дар фароварди сухан бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми аҳли маорифи ноҳияро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, зодрӯзи Пешвои миллат ва Иди муаллим табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию саодатмандӣ, бахту иқболи баланд ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам!

Рӯзи забони давлатӣ, зодрӯзи Пешвои миллат ва Иди омӯзгор муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code