ДАЪВАТИ ТИРАМОҲИ

Санаи 04.10.2019 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода дар ҳамбастагӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ прокурори ноҳия, Иззатуллозода Акобир Қурбон ва сардори ноҳиявии КДАМ ҶТ, Суҳроб Музайлиев бо иштироки фаъолон, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони маҳалла, имомхатибон ва сарварони муассисаҳои таълимӣ доир гардид.

Раиси ноҳия ҳадафи чорабинӣ «Вазъи нигаронкунандаи даъвати тирамоҳӣ» – ро мухтасар шарҳу тавзеҳ дода, барои маълумоти дақиқ комиссари ҳарбии ноҳия, Алиҷон Сангинзодаро ба назди минбар даъват намуд.

Комиссар аз ҳозир нашудани даъватшавандаҳо дар рӯзи гусел ба хизмати ҳарбӣ изҳори таассуф намуда, аз сафи бузурги омӯзгорон, ки ба ҳар баҳона фарзандони худро ба муҳоҷирати меҳнатӣ гуселонда, ба гурез  аз хизмат ва иҷро нашудани уҳдадориҳои шаҳрвандии онҳо мусоидат мекунанд, ин ҳолатро нигаронкунанда арзёбӣ кард.

Баъдан прокурори ноҳия Иззатуллозода А.Қ. аз каммасъулиятии нозирони ҳарбӣ, бахусус, нозири мизи ҳарбии Ҷамоати шаҳраки Суғдиён ҷиҳати амалҳои фориғболонааш ба маъракаи сиёсии даъват изҳори таассуф намуд ва ба диққати умум расонд, ки дар ин самт беш аз пеш корро ҷоннок намуда, тамоми нерӯи таъсиррасонии маънавиро роҳандозӣ бояд кард. То ба иҷрои нақша пеш аз муҳлат муваффақ шуда, ба ҷашни умумиҷумҳуриявии ваҳдат , ки дар ноҳияи Мастчоҳ доир мегардад бо сари баланд омодаги гирем.

Ба ин минвол, сардори ноҳиявии КДАМ ҶТ, Суҳроб Музайлиев аз бепарвоии ҷомеаи меҳнатӣ,  раисони маҳалла ва бахусус бетарафии имомхатибон, ки дар байни аҳолӣ эътибору нуфузи баланди таъсиррасонӣ доранд, изҳори норизоӣ  кард.

Командири қисми ҳарбии 0201 Каримзода Карим Ризо оиди соҳа ва бехатарии сарҳаду дидбонгоҳҳо ҳарф зада, аз тозаву пок нигоҳ доштани муносибатҳои ҳасана байни ду ҷумҳурии ҳамҷавор – Тоҷикистону Узбекистон арзи матлаб намуд.Зеро ҳолатҳои ғайриқонунӣ убур намудани сарҳад ва интиқоли маводи мухаддир, ки боиси норизоии тарафайн мегардад, ҳанӯз ба чашм мерасад.

Ба ин тариқ, зимни музокира нозирони мизи ҳарбӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳалла ва  имомхатибон ҷиҳати ин вазъи номатлуб аз ҷониби Раиси ноҳия мавриди пурсиш  қарор гирифтанд.

Дар интиҳои мулоқот Раиси ноҳия  аз деҳаҳои Ваҳдатобод, Сардоб, Сангчашмаи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор, Ҳадишаҳр, Арнохун, Камодон, Падрохи Ҷамоати деҳоти Оббурдон, Табушн, Сабағ, Иштошон, Валғунд, Пакшиф, Деҳманора, Дашти миёнаи Ҷамоати деҳоти Палдорак, Хайробод бо таассуф ёдовар шуд, ки  ягон нафар даъватшаванда ҷалб карда нашудааст. Ниҳоят, чорабинӣ дар доираи ҳамдигарфаҳмӣ ҳусни анҷом ёфт.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code