ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА РӮЗИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Санаи 04.10.2019 дар толори Қасри фарҳанги ноҳия таҷлили ҷашни Рӯзи забони давлатӣ ва Иди касбии омӯзгорон доир гардид.Дар толор собиқадорони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҷомеаи меҳнатии коллеҷҳои омӯзгорӣ, кишоварзӣ ва ЛКСК иштирок доштанд.
Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода Паёми табрикотии худро қироат намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Забони давлатӣ марҳилаи нави рушду такомули худро доро буда, таҷлили он дар арафаи зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост омада аст, ки ид болои ид аст»…
Ба ин тариқ, намояндаи вилоят – мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирӯзахон Раҳимӣ номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, аҳли толорро ба ин санаҳои муборак табрик гуфт.
Баъдан тибқи Амри Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода таҳти №91 аз 25.09.2019 як идда омӯзгорони фаъол Ҳалим Хидиров – мутахассиси пешбари шуъбаи маориф, Маҳаднабӣ Шомуродов – мудири бахши академияи хурди илмҳои МТИ, Солеҳа Қурбонова – омӯзгори МТМУ №9, Мирзораҳим Ҳоҷиев – омӯзгори МТМУ №17 ва Усмон Боқиев – омӯзгори МТМУ №4 бо Сипосномаҳои Раиси ноҳия қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин дар вазъи тантанавӣ Имом Имомов – омӯзгори МТМУ №29 ва Муҳаммадхолиқ Юсуфов – директори МТМУ №28 бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соҳибкор, муассиси мактаби хусусии ба номи Мирзо Ҳасанзода –Фазлиддин Ҳасанов бо нишони сарисинагии «Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонда шуданд. Ва ба нафарони дигар Садорат Сафарова – мудири МТТ №1, Ҷамшед Ниёзов ва Имомназар Имомов устодони коллеҷи кишоварзони ноҳия дар вазъи мутантан Ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.
Барномаи консертии санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия анҷомбахши чорабинии идона буд.

     

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code