ҶАЛАСАИ ФАВРИИ КИШОВАРЗӢ

Субҳи санаи 08.10.2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи фаврии кишоварзи таҳти сарварии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода бо иштироки муовини якуми Раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар ва муовини Раиси вилоят оид ба соҳаи кишоварзи Рустам Каримзода доир гардид.
Дар кори ҷаласа раисони ҷамоатҳо, масъулини Раёсати кишоварзии ноҳия, сарварони корхонаҳои коркарди пахта, Нозироти андоз, идораи оташнишонӣ, сармутахассисони заминсоз ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.
Раиси ноҳия ҳадафи чорабиниро мухтасар шарҳу тавзеҳ дода, чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Ба ин тариқ, муовини якуми Раиси ноҳияи Мастчоҳ Атовуллозода М.Ф. оид ба вазъи ғунучини ҳосили пахта мухтасар маълумот дод. Зимни суҳбати ошкоро муовинони Раиси вилоят ва Раиси ноҳия ҷиҳати дар сатҳи раст қарор доштани ғунучини ҳосил изҳори нигарони намуда, сафарбар кардани қувваҳои қобили меҳнатро дар ҷамъоварии саривақтии пахта ҷиддан таъкид намуданд. Ҳамзамон сарварони заводҳои коркарди пахтаро аз ҳифзи ҳосил аз сӯхтор сахт огоҳониданд.
-Нархи ҷамъоварии чормағзи заминӣ имсол 7-8 сомонӣ шуда бошад, пас нархи пахтаро ақаллан ба 5-5.50 сомонӣ расондад даркор, ки кишоварзон ҳосили пахтаро ба берун аз қаламрави ноҳия интиқол надиҳанд, -изҳори матлаб намуд зимни музокира Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода.
Дар ноҳия дар масоҳати 12,400 га пахта кишт гардидааст, ки нисбати соли гузашта 300 га зиёд аст. Аз ин рӯ, шароит тақозо мекунад, ки нархи пахтаро ба 5-5.50 сомонӣ баланд бардошта, ҳосилро дар рӯзҳои хушку мусоид ҷамъовари намоем.
Дар охир муовини Раиси вилоят ба муносибати Иди кормандони комплекси агро саноатӣ аҳлт толорро табрик намуда, ба ҳамагон дар ғунучини ҳосил ва фатҳи парчами ғолибити 20 рӯзаи дуюми мусобиқаи вилояти авчу барори кор таманно намуд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code