МАҶЛИСИ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯ

Санаи 09.10.2019 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия маҷлиси фаъолони ноҳия доир гардид. Дар кори маҷлис намояндаи Ҳукумати мамлакат, муовини сардори Саридораи геология Холзода Исомаддин ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ иштирок намуданд.
Маҷлиси фаъолон бо ҳузури муовинони Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, дастгоҳи Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сармутахассисони заминсоз, мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, уламои дин ва намояндагони ВАО доир гардид.
Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ҳусни ифтитоҳ бахшид ва аз рӯи масъалаи ягонаи рӯзнома “ Натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мастчоҳ дар 9 моҳи соли равон” муовини Раиси ноҳия Шавкати Солеҳиён ҳисобот дод. Сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Н. Боймирзоев, сартабиби ноҳия М. Баҳодуров, мудири шуъбаи маориф Н. Боқиев, сардори идораи омори ноҳия М.Мирзозода ва чанде дигар мавриди пурсишу посух қарор гирифтанд.
Раиси ноҳия оиди ҳанӯз дар сатҳи паст қарор доштани сентнернокии ҳосили пахта, бахусус, дар Ҷамоатҳои Палдорак, Оббурдон, Мастчоҳ, пурра сафарбар накардани қувваҳои қобили меҳнат дар мавсими ғунучини ҳосил, саривақт напардохтани қарзи идораи оби хоҷагӣ, шабакаи барқ, кам нагашнани бақияқарзи андоз, ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ набудани даъвати ҳарбӣ, бетарафии ҷомеаи шаҳрвандӣ, хоссатан имомхатибону раисони маҳалла, каммасъулиятии кормандони мизи ҳарбӣ эродҳои ҷиддӣ гирифт.
Дар ҷаласаи фаъолони ноҳия муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ низ маъруза намуда, бо далелу арқоми мушаххас бурду бохти соҳаи хоҷагии халқро баҳо дод.
Ҳамзамон барои корҳои омодагӣ ба истиқболи ҷашни ваҳдати умумиҷумҳуриявии соли 2020, ки дар ноҳияи Мастчоҳ доир мегардад, вобаста ба тезонидани иҷрои нақшаҳои иншоотӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳатҳои муфид ва дастуру супоришҳои мушахас дода шуд.

  

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code