ОБОДИИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ

Муассисаи таълимии томактабии №11 (Ҷамоати деҳоти Оббурдон) соли 1978 таъсис ёфта, беш аз 40 сол аст, ки дар хидмати фарзандони меҳнаткашон қарор дорад.
Тайи ин солҳои тӯлонӣ роҳбарият ва мураббиёни муассиса корҳои таълимиву тарбиявиро дар 4 гуруҳ роҳандозӣ намуда, ба даврони тинҷу замони соҳибистиқлолӣ расиданд. Табиист, ки дар ин муддат бинои муассиса, утоқҳои корӣ ва синфхонаҳо таъмирталаб шуданд.
Таҳти сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти Олии кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид ва дар ин раванд бо дастгирии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода дар МТТ№11 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Фаворит” аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия наздик 160 ҳазор сомонӣ барои корҳои азнавсозӣ ва таъмиру тармими муассиса ҷудо гардид.
Имрӯзҳо мураббиён Шафоат Олимова, Моҳира Муҳаммадиева ва Лутфия Шокабирова дар тарбияи 80 нафар хурдсолон саҳми арзанда гирифта, талош ба он доранд, ки тифлаконро дар заминаи талаботи замони муосир барои фарогирии мактаб омода намоянд.
-Лозим ба ёдоварист, тазаккур диҳем, ки тайи чанд соли охир ба сабабҳои маълум як гуруҳи таълимӣ аз фаъолият бозмонда буд. Хушбахтона, бо ибтикори Раиси ноҳия дар бинои МТТ №11 тамоми корҳои азнавсозӣ ва таъмиру тармим роҳандозӣ гардид, ки гуруҳи аз фаъолият бозмонда аз нав фаъол шуд.
Аз ин рӯ, роҳбарияти муассисаи мазкур, волидайн ва тарбиятгирандагон миннатдории худро ба Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода баён мекунанд ва ҷавобан ба ин ғамхорӣ барои беҳтар гардидани сифати таълиму тарбияи кӯдакон ҷомеъаи меҳнатии муассиса аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад, -гуфт зимни суҳбат мудири муассиса Садоқат Ҳомидова.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code