МАҶЛИСИ НАВБАТӢ

Санаи 08.10.2019 дар Ҷамоати деҳоти Палдорак бо иштироки вакилони Маҷлиси вакилони ҷамоат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Атовуллозода М.Ф. сессияи навбатӣ баргузор гардид.
Рӯзномаи сессия аз 5 масъала-Ахбороти сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоат, Ҳисоботи комиссияи доимӣ, Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони ҷамоат, Номгузории кӯчаҳо ва Масъалаҳои ташкилӣ иборат буд.
Оиди масъалаи якум ахбороти сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоат Раҳматов В.А. шунида шуд.
Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси ҷамоат Ғаффоров Т. оид ба масъалаҳои қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ (01.09.2018-01.09.2019) низ ба самъи вакилон расонда шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюм ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони ҷамоат аз ҳавзаи интихоботи №4 –Ҳомитов А.Ҳ. шунида шуд.
Тибқи рӯзномаи маҷлис аз рӯи масъалаи чорум “Номгузории кучаҳои беном” мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.
Ниҳоят, дар бахши панҷуми масъала бинобар ба синни нафақа расидани и.в. раиси Ҷамоат деҳоти Палдорак Сафаров Ҷумъабой Тоҳирович тибқи овоздиҳии вакилон аз вазифа озод карда шуда, ба ҷои ӯ бо ҷонибдории Раиси ноҳия, сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашни маросими Ҷамоати деҳоти Палдорак Раҳматов Воҳидҷон ба вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Палдорак интихоб гардид.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code