СИТОДИ КИШОВАРЗӢ ВА ҲАРБӢ

Бегоҳи санаи 07.10.2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ситоди кишоварзӣ ва ҳарбӣ таҳти сарварии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ва намояндаи вилоят, сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Бобозода Хайрулло доир гардид.
Дар кори Ситод муовинони Раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, намояндагони соҳаи кишоварзӣ, кормандони комиссарияти ҳарбӣ ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Раиси ноҳия оиди масъала якум “Пешниҳоди прокуратураи ноҳия” ҷиҳати корҳои ислоҳоти ба муассисаи дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, роҷеъ ба масйала дуюм- ғуну чини “Ҳосил-2019” нисбати ҳарӯз дар сатҳи паст қарор доштани ҷамъоварии ҳосили пахта нисбати ҳамин давраи соли гузашта изҳори нигарони намуд.
Кишоварзон уҳдадор шуданд, ки ҳосил нануз дар хирманҳо ҷамъовари шуда, бо оғози марҳила дуюми чинак ният доранд, ки дар 20-рӯзаи дуюми мусобиқаи вилоятӣ байрақи ғолибиятро ба даст меоранд.
Намояндаи вилоят, муҳтарам Бобозода Хайрулло зимни маърӯза тибвқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят изҳор дошт, ки дар ҳар яке аз ҷамоатҳо доир кардани Ситод ҷиҳати ҷамъоварии саривақтии ҳосил розандозӣ карда шавад.
Оид ба масъадаи сеюм вазъи нигаронкунандаи даъвати тирамоҳи Раиси ноҳия аз раисони ҷамоатҳо, нозирони миззи ҳарбӣ, масъулини комиссарият пурсиш ба амал оварда, муассиса, идораву ташкилот ва бахшу шуъбаҳои марбутаро муваззаф намуд, ки дар маъракаи сиёсӣ бо дарки масъулияти баланд дар ҳамбастагӣ бо раисони маҳалла, имомхатибон ва сафи бузурги омӯзгорон корбарӣ намуда, дар масъалаи иҷроиши нақша, ки дар пеш моро чашни умумиҷумҳуриявии ваҳдат интизор аст, саҳми якояки худро гузоранд. Ситод дар руҳияи ҳамкорӣ ва ҳамдигарфаҳми ҳусни анҷом ёфт.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code