МАҶЛИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР

Санаи 10.10.2019 дар маҷлисгоҳи Ҷамоати деҳоти Навбаҳор таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода Маҷлиси вакилони Ҷамоат доир гардид.

Бо садо додани Суруди миллӣ Маҷлис ба кори худ шурӯъ намуд ва раисикунанда- и.в. раиси Ҷамоат Шавкат Холбеков нахуст ҳайати котиботро интихоб ва масоили баррасишавандаро бо овоздиҳии якдилонаи вакилон тасдиқ намуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома “Дар бораи рафти иҷроиши талаботҳои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯзаи котиби Ҷамоат, вакил аз ҳ.и.№28 Исмоил Ғоибов шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар ҳудуди Ҷамоат 405 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ арзи ҳастӣ дошта, мутаассифона, дар байни аҳолӣ ҳолатҳои қонуншиканӣ, ғасби замин, сохтмонҳои худсарона ҷой доранд. Аз рӯи масъалаи мазкур бо овоздиҳии вакилон қарори дахлдор қабул гардид.

Аз рӯи масъалаи дуюм Содиқов Бахтиёр, вакил аз ҳ.и.№13 роҷеъ ба “Масъалаи буҷет, молия ва иқтисод”маълумот дод.

Нисбати масъалаи сеюм ҳисоботи вакилии Фарҳод Эгамбердиев вакил аз ҳ.и.№9 шунида шуд.

Ба ҳамаи масъалаҳои фавқуззикр вакилон якдилона овоз доданд ва нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.Бо садо додани Суруди миллӣ Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Навбаҳор  ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.

Бо истифода аз имконияти мавҷуда Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода нахуст оид ба ҷудошавии оилаҳо, мавҷудияти ВНМО дар ҳудуди Ҷамоат, қонуншиканиҳо дар соҳаи бозрасии давлатии автомобилӣ, махсусан ҳолатҳои бадмастӣ, ғасби замин, вазъи ногувори даъвати тирамоҳӣ, изҳори таассуф намуда нисбати бетарафии деҳаҳои “Сайри Чаман Сангчашма, Сардоб, Ваҳдатобод, Шакарчашма, Оби Шифо, Гулзор, Гулрез” , ки ҳатто 1 нафар даъватшаванда ҳам омода накардаанд, эродҳои ҷиддӣ гирифт.

Ҳамчунин намояндаи отряди қӯшунҳои сарҳадӣ подполковник Бежан Шокаримов нисбати ғайриқонунӣ убур намудани хатти сарҳад аз ҷониби шаҳрвандон ва ҳолатҳои ба яғмо бурдани чорвои калон аз тарафи марзи ҳамсоя изҳори таассуф намуд.

Дар ниҳоят, Раиси ноҳия аз ташаббус ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати корҳои ободониву созандагӣ ёдовар шуда, аз вакилон ҷиҳати суръати сусти ғунучини ҳосили пахта, ҷамъоварии андози маҳаллӣ, вазъи ногувори даъват пурсиш ба амал овард ва нисбати тозакориҳо аз дару девори худ то идораву муассисаҳо, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, тезонидани суръати иншоотҳои ҷашнӣ, дарки мафҳуми ҷашнҳои Ваҳдати миллӣ, ки соли оянда дар қаламрави мо доир мегардад ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, ҳамзамон иштирокчиёни Маҷлисро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии иҷроиши нақшаҳои матраҳгардида даъват кард.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code