ГИРОМИДОШТИ НОМУ ХОТИРАИ АСКАРИ ҶОННИСОР ВА ОЗОДА – ФАЗЛИДДИНИ ҚОЗИЗОДА

Имрӯз дар дидбонгоҳи сарҳадии қисми низомии №0201-и Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ парда аз рӯйи лавҳаи ёдгорӣ ба муносибати ба номи сарбози некноми Ватан – Қозизода Фазлиддини Муҳиддин номгузорӣ шудани дидбонгоҳи сарҳадии мазкур бардошта шуд. Дар ин маросим Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода, аҳли хонаводаи Фазлиддин Қозизода, сарбозону афсарон, собиқадорони меҳнат ва уламои дин ширкат доштанд. Зимни пардабардорӣ аз лавҳаи ёдгорӣ Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода чунин иқдоми қадршиносиро дар остонаи таҷлили ҷашни 25-солагии қабули Конститутсияи мамлакат нишони возеҳи татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозони родмарду фидоии Ватан арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки ному хотираи неки Фазлиддини Қозизода барин фарзандони ҷасуру ҷонфидои Меҳан ҳаргиз аз ёдҳо фаромӯш намешавад. Баъдан Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода бо вазъи зиндагӣ ва хизмати сарбозон дар дидбонгоҳи сарҳадии мазкур аз наздик шинос шуда, бо сарбозону афсарон самимона суҳбат намуд. Сипас идомаи чорабинии гиромидошти ному хотираи сарбози номовари Ватан Фазлиддин Қозизода дар толори варзишгоҳи МТМУ №36 доир гардид, ки дар он Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода, собиқадорони меҳнат, ҷавонон, аз ҷумла хонандагони синфҳои болоии мактабҳо, варзишгарон ва ходимони дин иштирок намуданд. Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода доир ба рӯзгор ва корнамоию ҷонфидоии марзбони шуҷои кишвар, сержанти хурд шодравон Фазлиддин Қозизода муфассал ибрози андеша намуда, таъкид дошт, ки достони мардонагии ин ҷавонмарди сарсупурда барои ҳар як сарбоз ва ҳар як ҷавони тоҷик намунаи ибрати ватандӯстию ҷавонмардӣ мебошад.Чунки ин ҷавонмард ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, зимни ҳифзи хати сарҳади муқаддаси Ватан дар соли дуюми хизмат аз қочоқчиёни афғон ҷони азизи худро аз даст дод. Барои чунин фидокорӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 2013 Қозизода Фазлиддин пас аз марг бо медали “Ҷасорат” қадрдонӣ гардид. Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия яке аз кӯчаҳои маҳаллаи навбунёди хоҷагии “Фирдавсӣ”-и деҳоти Оббурдон ба номи Фазлиддин Қозизода гузошта шуд. Чанде пеш бо ташаббуси роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дидбонгоҳи сарҳадии қисми низомии №0201 ба номи Фазлиддин Қозизода номгузорӣ гардида, дар ҳудуди бинои он лавҳаи ёдгории ӯ гузошта шуд. Баъди суханронии Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Саидҷаъфар Азизов ба сухан баромада, аз рафти чорабинии варзишӣ аз рӯйи намудҳои волейбол ва шоҳмот бахшида ба ёдбуди Фазлиддини Қозизода гузориш дода, аз Раиси ноҳия хоҳиш намуд, ки ба ғолибони мусобиқа диплому медалҳоро супоранд. Дар фазои тантанавӣ ба ғолибони мусобиқаи мазкур аз ҷониби Раиси ноҳия диплому медалҳо супорида шуд. Аз рӯйи натиҷаҳо дастаи волейболбозони МТМУ №27 сазовори ҷойи якум, МТМУ №25 ҷойи дуюм ва МТМУ №2 соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. Дар намуди шоҳмот бошад, хонандаи МТМУ №25 Холиқзода Сорбон ба гирифтани ҷойи якум, хонандаи МТМУ №12 Қурбонбойи Ҳоҷимурод ҷойи дуюм ва хонандаи МТМУ №25 Шуҳрат Мирзода сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин сарбози аз хизмат баргашта Соҳибқирон Туробзода, собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Мансур Раҳматов ва командири қисми ҳарбӣ Карим Каримзода суханронӣ намуданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланди маънавию ғоявӣ ҷараён гирифт.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code