ШИНОСНОМАИ ДАВЛАТ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода

бахшида ба 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳамдиёрони азиз!

Санаи 6-уми ноябри соли равон аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шиносномаи давлати соҳибистиқлол ва бахтномаи миллати соҳибтамаддуну музаффари тоҷик мебошад, 25 сол пур мешавад. Бинобар ин, шумо ва тамоми сокинони шарафманду заҳматқарини ноҳияро ба ифтихори ҷашни фархундаи 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсия самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тандурустию умри дароз, бахти сапеду иқболи баланд, саодати зиндагӣ ва беҳтарин фараҳу шодмониҳои рӯзгорро таманно дорам.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони мо нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардид.

Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад».

Воқеан, Конститутсия барои мардуми мо санади тақдирсоз ва раҳнамои фардои дурахшон гардид. Тамоми дастоварду комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ бевосита ё бавосита ба қабули Конститутсия иртибот доранд.

Имсол ба муносибати таҷлили 25-солагии қабули Конститутсия бо ибтикори инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул гардид. Қонуни мазкур ба зиёда аз 20 ҳазор шахсоне, ки ҷиноят содир кардаанд, аз ҷумла, нисбат ба ноболиғон, занон, маъюбон, шаҳрвандони хориҷӣ ва дигар шаҳрвандон амалӣ карда мешавад, ки  олитарин амали башардӯстӣ маҳсуб меёбад.

Арзиши баланди Конститутсия дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он зоҳир мешавад. Аз ин ҷиҳат, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад». Бинобар ин, мову шуморо зарур аст, ки ҳамеша тибқи меъёру муқаррароти шаҳкитоби саодату сарфарозии миллат – Конститутсияи Тоҷикистон кору зиндагӣ намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланду бошукӯҳ истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 23-солагии Рӯзи ваҳдати миллии умумиҷумҳуриявӣ, ки соли 2020 дар ноҳияи Мастчоҳ таҷлил карда мешаванд, саҳми бузургу ватандӯстонаи худро гузорем.

Бо умеди пешрафту ободии ҳамешагӣ ва фардои фирӯзу шукуфони Ватан бори дигар ҳамаи шумо ва тамоми сокин

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code