РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ  ҒАЙРАТ АЗИЗЗОДА : «ҲИМОЯИ  КОНСТИТУТСИЯ ВА ҚОНУНИЯТ ПЕШ АЗ ҲАМА  РИСОЛАТИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ МЕБОШАД»

Имрӯз дар маҷмаи хизматрасонии замонавии “Бӯстон”-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки роҳбарият, кормандон ва собиқадорони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи милитсияи тоҷик ва 25-солагии Конститутсияи мамлакат ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода иштирок ва суханронӣ намуда, тамоми кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳро ба муносибати фарорасии Рӯзи милитсияи тоҷик, ки ҳамасола санаи 10-уми ноябр таҷлил карда мешавад, инчунин 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барояшон тандурустию умри дароз, фароғату осоиши зиндагӣ,  файзу баракати рӯзгор, дар ҷодаи пуршарафи фаъолият нусрату пирӯзӣ ва барору комёбиҳои бузургро таманно намуд.  Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода аз он ҷумла таъкид намуд, рисолати касбии кормандони милитсия асосан аз ҳимояи Конститутсия  ва қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза бар зидди падидаҳои номатлуб ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон иборат мебошад. Доир ба нақшу манзалати мақомоти милитсияи тоҷик Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ  ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд.

Маҳз дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии кормандони милитсия ва фаъолияти муназзами онҳо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ осудагиву суботи кишвар ва тинҷиву амнияти шаҳрвандон таъмин гашта, пеши роҳи содиршавии ҳазорон ҷиноят гирифта шуд, ашхоси ҷинояткор ошкору дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

– Боиси ифтихор аст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия мисли тамоми милитсионерҳои тоҷик баҳри  таъмини амнияти шахсият ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарбаландона саъю талош намуда истодаанд,- иброз дошт, Раиси ноҳия.

Баъдан сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ полковники милитсия Ҷалилзода Эмин Карим ба сухан баромада, аз фаъолияти пурсамари кормандони милитсия андешаронӣ намуда, ба Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода барои ҳамкории судманд ва дастгириҳои ҳамешагӣ нисбати фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳия изҳори сипос намуд. Дар вазъияти тантанавӣ ба гурӯҳи калони кормандони милитсия сипосномаи Раиси ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Кормандони бахши фарҳанги ноҳия бо шеъру чакома ва суруду таронаҳои дилошӯби худ табъи иштирокчиёни чорабиниро шод намуданд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code