День: 02.01.2020

ШИНОСОИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ҒАЙРАТ АЗИЗЗОДА БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ҚАСРИ ЗАМОНАВИИ ФАРҲАНГ ВА АЗНАВСОЗИИ БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Дар нахустин рӯзи соли 2020, дирӯз санаи 1-уми январ Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қасри муҳташами фарҳанг, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон бунёд карда мешавад,  инчунин азнавсозии боғи фарҳангу фароғати ба номи Юсуф Вафо шинос шуда, ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бояд… Read more ШИНОСОИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ҒАЙРАТ АЗИЗЗОДА БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ҚАСРИ ЗАМОНАВИИ ФАРҲАНГ ВА АЗНАВСОЗИИ БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ МИЛОДИИ 2020

Шоми санаи 31.12.2019 дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи соли нави милодии 2020 чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд. Нахуст Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии соли 2020 табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатию дарозумрӣ, бахту иқболи бегазанд, шодию нишоти ҷовидонӣ ва дар ҷодаи фаъолият пешравию барори кор ва фатҳу нусратҳои навинро таманно намуд.… Read more ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ МИЛОДИИ 2020

ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2020

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 26 декабри соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, омадааст, ки “имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон… Read more ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2020

МАСТЧОҲ. ҶАМЪОМАДИ ВАСЕЪ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар толори маҷлисгоҳи калони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади васеъ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, воҳидҳои сохторӣ, дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, аҳли… Read more МАСТЧОҲ. ҶАМЪОМАДИ ВАСЕЪ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ