ИҚДОМИ НЕК ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2020

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар таърихи 26 декабри соли ҷорӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардид, омадааст, ки “имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст.
Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст.” Дар ноҳияи Мастчоҳ низ дастгирии ятимон ва шахсони яккаву танҳо дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ба ҳукми анъана даромада, қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд.
Имрӯз низ бо ташаббусу дастгирии раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ба ятимони кул дастархони идона ороста шуд.
Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ бо дӯстрӯяконе, ки ба ҳукми тақдир аз навозиши волидайн бебаҳра мондаанд, самимона суҳбат карда, аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ кард.
– Давлату ҳукумат, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумо, ояндаи неки шумо ва муҳаббату самимиятатон ба обу хоки ватан боварии комил доранд, шуморо дастгирию сарпарастӣ менамоянд. Аз ин рӯ, мебояд, ки нағз хонед, софдилона меҳнат кунед ва номбардори диёру кишвар шавед, – таъкид кард Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров низ дӯстрӯяконро ба оғози соли нави мелодии 2020 табрик гуфта, онҳоро барои хонишу хубу аъло ва бо одобу корҳои неку созанда намунаи ибрат будан даъват кард.
Дар навбати худ дӯстрӯякон низ ба Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ барои дастгириҳои ҳамешагӣ изҳори сипос карданд. Яке аз баромадкунандагон зимни ибрози миннатдорӣ ба раиси ноҳия хоҳиш намуд, ки баҳри харидории масолеҳи сохтмонӣ мусоидат намоянд. Раиси ноҳия Ғайрат Азиззода ба масъулин супориш дод, ки дар кутоҳтарин муҳлат аз иҷрои ин дархост гузориш пешниҳод намоянд.
Шеърхонии шоири ширинкалом устод Олимхон Исматӣ ва кӯдакону наврасон, ки халқу ватан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои даврони Истиқлолро тараннум мекарданд, ба вохӯрии идона шаҳомати дигар бахшид.
Сипас ба ҳамаи онҳо туҳфаҳои солинавӣ ва китоби тозанашри “Маҳбуби Ватан”, ки маҷмӯи мақолаҳои илмию публисистӣ доир ба шахсият ва корномаи Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, тақди карда шуд.
Ёдрас мешавем, ки ҳоло дар ноҳияи Мастчоҳ 24 нафар ятими кул зиндагӣ мекунанд, ки аз 10 нафар духтар ва 3 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ мебошанд.

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code