ИСТИҚБОЛИ СОЛИ НАВИ МИЛОДИИ 2020

Шоми санаи 31.12.2019 дар ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи соли нави милодии 2020 чорабинии бошукӯҳи идона баргузор шуд. Нахуст Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ сокинони ноҳияро ба муносибати фарорасии соли 2020 табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатию дарозумрӣ, бахту иқболи бегазанд, шодию нишоти ҷовидонӣ ва дар ҷодаи фаъолият пешравию барори кор ва фатҳу нусратҳои навинро таманно намуд. – Бо шарофати ғамхорию меҳрубониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи самимии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода сокинони ноҳияи Мастчоҳ дар соли 2019 аҳлона заҳмат кашида, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба комёбию дастовардҳои назаррас ноил шуданд, – таъкид кард Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ. Раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Дилшод Зокиров низ аҳли ҷамъомадро ба муносибати соли навии милодӣ таҳният гуфта, таманно кард, ки дар соли 2020 сокинони ноҳия боз ҳам аз сидқи дил меҳнат намуда, дар ғанӣ гардонидани замони истиқлолият саҳми шоистаи худро мегузоранд. Ҳузури Бобои барфию барфак ва барномаи фарҳангӣ ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.

 

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code