МАСТЧОҲ. ҶАМЪОМАДИ ВАСЕЪ ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Дар толори маҷлисгоҳи калони бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъомади васеъ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, воҳидҳои сохторӣ, дастгоҳ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, аҳли маориф, фарҳанг, бонувон, ҷавонон ва мутахассисони касбу кори гуногун ширкат варзиданд. Ҷамъомадро Раиси ноҳия муҳтарам Ғайрат Азиззода ифтитоҳ намуда, мақсаду мароми онро маънидод кард. Раиси Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров оид ба мазмуну муҳтаво ва нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муфассал суханронӣ намуда, ин ҳуҷҷати муҳимро дастури фаъолияти ибратомӯз ва барномаи мукаммали созандагию бунёдкорӣ номид. Прокурори ноҳияи Мастчоҳ Иззатуллозода Акобир Қурбон оид ба таъмини волоияти қонун дар партави Паёми Пешвои миллат фикру мулоҳизаҳои судмандро иброз дошт. Саврдори ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ҷалилзода Эмин Карим оид ба мавзӯи “Паёми Президент ва вазифаҳои аҳли ҷомеа дар мубориза бар муқобили терроризм ва экстремизм” андешаронӣ кард, иброз дошт, ки яке аз сабабҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундрав ин бесаводӣ ва маърифати пасти дунявию динии онҳо мебошад.
Борбад Баҳромзода – донишҷӯи Коллеҷи омӯзгории ноҳия, сарвари бахши ноҳиявии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Пайравони Пешвои миллат” оид ба мавзӯи “Паёми Президент ва сиёсати давлатии ҷавонон” андешаронӣ карда, изҳор дошт, ки Паёми Пешвои миллат беҳтарин дастури фаъолият барои ҷавонон мебошад.
Ҷамъомадро Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайарт Азиззода ҷамъбаст намуда, иштирокчиёнро ба муносибати Соли нави мелодии 2020 табрик гуфта, аз онҳо даъват ба амал овард, ки баҳри иҷрои босифати дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми шоистаи худро гузоранд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code