ШИНОСОИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ ҒАЙРАТ АЗИЗЗОДА БО РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ ҚАСРИ ЗАМОНАВИИ ФАРҲАНГ ВА АЗНАВСОЗИИ БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТӢ ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯ

Дар нахустин рӯзи соли 2020, дирӯз санаи 1-уми январ Раиси ноҳияи Мастчоҳ муҳтарам Ғайрат Азиззода бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қасри муҳташами фарҳанг, ки дар маркази ноҳия – шаҳраки Бӯстон бунёд карда мешавад,  инчунин азнавсозии боғи фарҳангу фароғати ба номи Юсуф Вафо шинос шуда, ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бояд зикр намуд, ки қасри замонавии фарҳанг бо ҳидояту раҳнамоиҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. Корҳои азнавсозии боғи фарҳангу фароғати ба номи Юсуф Вафо бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, аз ҳисоби буҷети ноҳия сурат гирифта, дар навбати аввал ҷиҳати азнавсозии иншооти чархофалак барои бозии кӯдакон маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, кор дар ин самт бо маром ҷараён дорад.

Дар сурати таъмиру азнавсозии иншооти мазкур, боғи фарҳангу фароғатӣ ва қасри фарҳанг барои фароғату истироҳати сокинони ноҳия, махсусан бозию шодии кӯдакон имкониятҳои беҳтарин ба вуҷуд меояд.

Шарҳгузорӣ

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code